logo

маориф

ҚАЛАМРО АЗ ДАСТ НАГЗОШТААСТ

Ман бо ин марди донишманду фурӯтан, доктори  илми таърих, профессор, қариб ним аср шиносоӣ дорам ва дар як муассисаи илмию тадқиқотӣ бештар аз 30 сол кор кардаам. Аз ӯ зиндагӣ, илму маърифат, одаму одамгариро омӯхтаам. Имомназар Келдиев яке аз беҳтарин устодонест, ки маро ба роҳи дурусти зиндагии поквиҷдонона, меҳнат кардан ва аз нӯги қалам ризқу рӯзӣ ёфтан ҳидоят кардааст.

Зиндагӣ ва кору фаъолияти ин марди бузург барои ҷавонони хушбахти Тоҷикистони соҳибистиқлол қобили омӯзиш ва пайравист.
Вай баъд аз хатми мактаби ҳафтсолаи деҳа соли 1948 ба шаҳри Сталинобод (Душанбе) омада, ба мактаб-интернати таҳсилоти умумии  миёнаи рақами 10 дохил шуд ва онро соли 1950 бо камоли сарбаландӣ ба итмом расонд. Ва худи ҳамон сол ба факултаи забону адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷи-кистон ба номи Садриддин Айнӣ) дохил шуд.
Соли савуми таҳсил дар Донишгоҳи омӯзгорӣ ба таври ихтиёрӣ ба маҳфили омӯзиши таърихи халқи тоҷик шомил шуд, ки дар он маҳфил 12 нафар донишҷӯёни болаёқат ширкат меварзиданд ва ба он муаррихи машҳур, академик А. А. Семёнов ва шогирди ӯ академики оянда Аҳрор Мухторов роҳбарӣ мекарданд. Ба ҳамин тариқ вай баробари омӯхтани ихтисоси асосии худ – забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷик ба таври иловагӣ таърихи пурғановати халқи тоҷикро низ аз худ мекард.
Моҳи июни соли 1954 Имомназар Келдиев дониш-гоҳро бо дипломи аъло ба итмом расонд ва ба Пажӯ-ҳишгоҳи таърихи ҳизби назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон роҳхат гирифт. Вазифаи асосии пажӯҳишгоҳ дар баробари таҳқиқ намудани таърихи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, инчунин ба забони тоҷикӣ тарҷумаю таҳрир ва ба чоп омода кардани асарҳои В. И. Ленин дар чилу панҷ ҷилд, асарҳои мунтахаби К. Маркс ва Ф. Энгелс  дар ду ҷилд ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳими ҳизбӣ ба шумор мерафт. Ва Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон бо мақсади зудтар дар амал татбиқ кардани ин вазифаҳои муҳим ба пажӯҳишгоҳ беҳтарин олимон, тарҷумону муҳаррирон ва шоирону нависандагони дар соҳаи тарҷумаю таҳрир соҳибтаҷрибаро барои фаъолият   сафарбар намуд. Баробари ин ҷавонони қобилиятнокро низ ҷалб кардан лозим буд, аз ин рӯ, мувофиқи дархосту озмоиш ҷавонони соҳибистеъдод, ки мактабҳои олиро хатм карда, аз санҷиши зарурӣ гузашта буданд, ба пажӯҳишгоҳ ба кор қабул карда мешуданд. Ин ҷавонон бояд таҳти роҳбарии тарҷумону муҳаррирони пуртаҷрибаю пухтакор ҳамчун идомабахши кори устодони худ ба воя мерасиданд. Дар қатори се нафар ҷавоне, ки  моҳи июли соли 1954 ба кор омада буданд, ӯ дар шуъбаи тарҷумаи асарҳои классикони марксизм – ленинизм, дар ҳалқаи нависандагону шоирон ва олимони номӣ Сотим Улуғзода, Абдусалом Деҳотӣ, Муҳаммад Осимӣ, таҳти раҳнамоии тарҷумонҳои касбӣ Ҳабиб Аҳрорӣ, Набиҷон Почоҷонов, Эммануил Мул-лоқандов, Мордухай Бачаев, Абдулҳамид Оқилов ва дигарон ба фаъолият шурӯъ намуд. То ҳадди имкон таҷрибаю малакаи ин бузургонро омӯхт, нозукиҳои тарҷумаи адабиёти марксистӣ-ленинӣ – ин кори ниҳоят душвору заҳматталаб ва сермасъулият, вале пурифтихорро бо камоли ғайрат аз худ намуд.
Дар ҳақиқат, тарҷумаю таҳрири адабиёти сиёсӣ, бахусус асарҳои классикони марксизм – ленинизм ба забони тоҷикӣ – ин тарҷумаи соф илмӣ буда, ба забони нусхаи аслии матн тамоман мувофиқ мебошад. Дар ин бора худи Имомназар Келдиев дар асари пурарзишаш «Нашр ва паҳншавии асарҳои классикони марксизм – ленинизм дар Тоҷикистон» (Душанбе, 1973, ба забони русӣ, боби дуюм) ба таври муфассал андешаронӣ кардааст.
Соли 1963 дар ҳаёти Пажӯҳишгоҳи таърихи ҳизб дигаргунии куллӣ ба вуқӯъ пайваст. Моҳи январи он сол академик Аловаддин Баҳоваддиновро директори пажӯҳишгоҳ таъйин карданд. Акнун вазифаи асосии пажӯҳишгоҳ дар баробари тарҷумаю таҳрири асарҳои классикони марксизм – ленинизм, инчунин тадқиқ намудани таърихи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва бештар рӯ овардан ба корҳои илмию таҳқиқотӣ маҳсуб мешуд. Яке аз сабабҳои асосии ба тадқиқоту омӯзиши таърихи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон рӯ овардан он буд, ки то соли 1964 тарҷумаю таҳрири асарҳои  К. Маркс ва Ф. Энгелс, асарҳои В. И. Ленин ба забони тоҷикӣ қариб ба итмом расида буданд.
Дониши фаровон, истеъдоди бузурги ташкилотчигӣ ба академик Аловаддин Баҳоваддинов имкон дод, ки дар кӯтоҳтарин муддат пажӯҳишгоҳро аз муассисаи тарҷумонӣ ба Маркази илмӣ – тадқиқотии ҳизбӣ табдил диҳад. Соли  1964 бахшида ба 40-солагии ташкилёбии Тоҷикистони Шӯравӣ асари калонҳаҷми «Очеркҳои таърихи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон» ба табъ расид, ки он дар ҳаёти илмӣ ва сиёсии ҷумҳурӣ воқеаи хеле муҳим ба ҳисоб мерафт.
Дар баробари дигаргун шудани фаъолияти пажӯҳишгоҳ кормандони он низ бештар ба кори тадқиқотӣ шуғл меварзидагӣ шуданд. Имомназар низ акнун бо тавсия ва ҳидояти А. Баҳоваддинов бештар ба кори илмию тадқиқотӣ машғул шуд. Ӯро соли 1968 аз шуъбаи тарҷумаи асарҳои классикони марксизм – ленинизм ба шуъбаи таърихи ҳизби Пажӯҳишгоҳи таърихи ҳизб гузарониданд. Вай бо тавсияи академик А.Баҳоваддинов бо кори омӯзиш ва таҳқиқи ҳуҷҷатҳои зарурӣ доир ба қисмати як гурӯҳ роҳбарони бонуфузи ҳизбию давлатии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон, ки солҳои 30, яъне солҳои бедодгарию қонуншиканӣ бе ягон гуноҳ ба ҳабс гирифта ва ҳамчун «душманони халқ» ба ҳукми қатл маҳкум шуда буданд, машғул шуд. Соли 1967 китоби «Абдулло Раҳимбоев. Очерки ҳаёт ва фаъолият»-ро ба забони тоҷикӣ ба чоп расонд, ки он аз ҷониби олимон ва хонандагон бо хушнудӣ пазируфта шуд. Дар китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти пурсамари арбоби барҷастаи ҳизбию давлатӣ Абдулло Раҳимбоев, перомуни хизматҳои шоистаи ӯ, инчунин дар бораи чанде гумроҳиҳою хатогиҳои ҷиддии ӯ дар давраи тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна (соли 1924) муфассал андешаронӣ кардааст.
Имомназар Келдиев он солҳо доир ба ҳаёту фаъолияти дигар арбобони барҷастаи ҳизбию давлатии халқамон Чинор Имомов, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Ӯрунбой Ашӯров, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Г. И. Бройдо, Иброҳим Исмоилов, Саид Носиров ва дигарон мақолаҳои ҷолиб навиштааст.
Бахусус дар мақолаи пурарзиши худ «Фарҷоми худношиносӣ» (соли 1989) яке аз аввалинҳо шуда тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна ва ташкилёбии ҷумҳуриҳои нави шӯравии Осиёи Миёнаро дар соли 1924 тақсимоти ғайривоқеӣ, ғайритаърихӣ ва ниҳоят ноодилона номидааст. Ӯ бо ҳуҷҷатҳои эътимодбахш собит кардааст, ки тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна бар хилофи воқеияти таърихӣ ва адолати таърихӣ, бар зарари манфиатҳои қонунӣ ва асринаи халқи тоҷик гузаронида шудааст.
Имомназар Келдиев охир-ҳои соли 70-ум ва солҳои 80-уми асри гузашта ба ҳайси мудири шуъбаи сохтори ҳизбии Пажӯҳишгоҳи таърихи ҳизб дар ҳаёти илмии ин муассиса мақоми намоён дошт. Вай яке аз муаллифон ва узви ҳайати таҳририяи «Очеркҳои таърихи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон» дар ду ҷилд буд, ки онҳо солҳои 1980 ва 1984 ба табъ расиданд. Вай инчунин дар кори таълиф намудан ва нашр кардани маҷмӯаи «Материалҳо оид ба таърихи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон» (ду китоб), «Фаъолияти ҳизбҳои коммунистии Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар давраи сотсиализми мутараққӣ»  ва дигар асарҳои дастаҷамъӣ фаъолона ширкат варзидааст.
Ба ғайр аз ин дар он солҳо ду китоби калонҳаҷми Имомназар Келдиев таҳти унвони «В.И. Ленин ва тайёр намудани кадрҳои ҳизбӣ ва Шӯравӣ дар Осиёи Миёна (солҳои 1917 – 1924)» ва «Инкишофи демократияи дохилиҳизбӣ дар Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (солҳои 1966-1986)» ба забони русӣ аз чоп баромаданд. Олимону мутахассисон ба ин асарҳо баҳои арзишманд дода буданд. Вай барои ин китобҳо бо Ифтихорномаи Пажӯҳишгоҳи марксизм – ленинизм дар назди Кумитаи Марказии КПСС сарфароз гардонида шуда буд.
Олими ҷӯянда солҳои дароз (аз охири соли 1992 то сентябри соли 2002) дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба ҳайси профессори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ, сипас ба ҳайси мудири ҳамин кафедра фаъолият кардааст. Вай ҳамчун омӯзгори бофарҳангу серталаб ва устоди меҳрубон дар байни донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи аграрӣ соҳиби обрӯю эътибори калон гардида буд.
Дар ин давра доир ба мавзӯи тайёр намудани кормандони ҳизбию давлатӣ дар ҷумҳуриҳои шӯравии Туркистон, Бухоро ва Хоразм солҳои 1917 – 1924 чандин мақолаю асарҳои илмӣ навишт ва ба гирифтани унвони доктори илмҳои таърих сарфароз гардид.
Соли 2008 ба муносибати 110-солагии арбоби барҷастаи давлатӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистони Шӯравӣ Чинор Имомов асари илмию таърихӣ ба табъ расонд. Дар ин китоб ҳаёт ва фаъолияти Чинор Имомов, таърихи охири солҳои 1920 ва 1930 Тоҷикистони Шӯравӣ ҳамаҷониба тасвир ёфтааст.
Имомназар Келдиев барои хизматҳои шоистааш дар кори тарҷумаю таҳрири асарҳои классикони марксизм – ленинизм ба забони тоҷикӣ, барои кори пурсамари илмӣ ва тарбия намудани кормандони илмӣ, барои фаъолияти хуби омӯзгориаш бо ордени «Нишони Фахрӣ», се Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистони Шӯравӣ, бо се медали Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотонида шудааст. Ӯ бо унвони ифтихории Корманди  шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Ӯ имрӯз ҳам солиму бардам буда қаламро аз даст нагузоштааст. Ният дорад, ки оид ба таърихи муосири халқи худ асарҳои шоиста офарад.

Ҳасанбой ДӮСТОВ,
профессор, номзади илмҳои таърих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2014    №: 23    Мутолиа карданд: 2389
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед