logo

туризм

ТАХТИ САНГИН

Тоҷикон таърихи дерина дошта, дар давоми беш аз 5000 сол ба ҳодисаҳои зиёди гоҳе шодибахшу гоҳи дигар фоҷиабор дучор омадаанд. Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳру деҳоти Тоҷикистон ба як осорхонаи бузург дар зери ҳавои кушод монанд аст. Дар қатори шаҳракҳои қадимаи Саразм, Леваканд, қалъаҳои Муғ,  Ҳисор,  Хуҷанд, Аҷинатеппа, мавзеи бостонии Тахти Сангин дар ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумлаи осори нодири ниёкони мо - тоҷикон, мебошад.
Беш аз сад сол инҷониб дар Осорхонаи шоҳии Бритониёи Кабир зиёраткунандагонро чанд намунаи осори санъати антиқа ба ҳайрат меорад. Онҳоро тақрибан 2300 сол қабл дар Бохтари қадим заргарони маҳаллӣ аз тиллои холис сохта буданд ва то имрӯз намунаи олии санъати амалӣ маҳсуб мегарданд. Махсусан, таърихи деринаи он боиси тааҷҷуб ва ҳайрати донандагони таърихи башар гардидааст.
Соли 1976 бошад, дар ҷануби Тоҷикистон, дар резишгоҳи рӯдҳои Вахш ва Панҷ, 34 км дуртар аз маркази Қубодиён бостоншиносон ба таҳқиқи маъбади қадимаи Окс шурӯъ намуданд. Маъбад пурра сангин буда, на танҳо сохти меъморӣ, балки ҳама ҷузъиёти он то имрӯз хуб бақову пойдор мондааст. Бинобар ин, ба осоргоҳ «Тахти Сангин» ном ниҳоданд. Дар маркази бошишгоҳи антиқа маъбади олиҳаи обҳои равон Оахшо, ё ба талаффузи юнониаш Окс ҷой доштааст. Аз маъбад бисёр ҷавоҳироту ашёи зарини дорои аҳамияти динӣ дошта ёфт шуд. Зоҳиран, он ашё ба хотири олиҳаи обҳои равон дар ҷараёни идҳои динӣ ба маъбад тақдим мегаштанд. Инчунин, дар маъбад беш аз 5 ҳазор ашёи дерина - афзору олоти ҷангӣ, кулаҳхӯди аз боло зарҳал давонида, сари найзаву тирҳо пайдо гардиданд, ки дар Осиёи Марказӣ калонтарин захира мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки пас аз ба сари қудрат омадани ҳокимони маҳаллии Кушониёну Ҳайтолиён таъсири маъбади Окс дар байни аҳолӣ камтар шуд. Зеро ки ба он ҳамчун ба маъбади бо истилогарони юнонӣ олудагашта менигаристанд. Вале чун нишони тамаддуни ориёӣ поку безарар боқӣ мононда шуд. Ва азбаски ҳама биноҳо аз сангҳои бузург таркиб ёфта буданд, истилогарони дигари аҷнабӣ, аз ҷумла, арабҳо ва туркҳо ба он зарари зиёд расонда натавонистанд.
Омӯзиши таърихи маҷмааи ёдгории «Тахти Сангин» ба бисёр саҳифаҳои таърихи минтақа равшанӣ андохт ва барои омӯзандагони таърихи башар аҷибу азиз аст, барои офаридани филмҳои мустанаду ҳунарии таърихӣ низ чун макони табиӣ ва нодир хидмат карда метавонад.  
Таҳқиқот нишон дод, ки онҳо бо ашёи зарини осорхонаи шоҳии Англия дар як замон ва аз ҷониби заргарони як мактаби ҳунарӣ сохта шудаанд. Азбаски дар замонҳои гуногун ба шаҳрак душманони зиёде таҳдид мекарданд, шояд дар яке аз чунин рӯзҳои вазнин бо маслиҳати роҳибони дайр он ашё дар наздикии маъбад, дар соҳили дарё пинҳон карда шудааст. Вале дар охири садаи 19 яке аз сокинони маҳаллӣ онро дастрас мекунад ва барои фурӯш ба Афғонистони ҳамшафат мебарад. Онро яке аз тоҷирон харида, боз ба фурӯш мегузорад. Дар он замон вай ба як мансабдори олии англис дар Кобул писанд меояд ва онро мехарад. Азбаски ӯ аз таърихи кишвари мо огоҳ буд, қимати бостонии онро  дарк намуда, ба Англия мефиристад. Ба онҳо олимони маъруфи соҳа баҳои баланд доданд ва таҳти назорати махсус бо унвони «Хазинаи Амударё» дар Осорхонаи шоҳӣ ҷой намуданд.
Мавриди зикр аст, ки барои ба макони аслии он – Тоҷикистон баргардондани «Хазинаи Амударё» роҳбарияти ҷумҳурӣ борҳо ба ҳукумати Англия муроҷиат кард. Муқаррар шуд, ки тибқи тартиботи қабулшудаи байналмилалӣ вай сад сол қабл аз ҷониби шаҳрвандони табааи Англия харидорӣ шуда, ҳамчун амволи шахсии ӯ ба Осорхонаи шоҳӣ тақдим шудааст. Яъне дар ин ҷо аломати зӯран оварда шудани дафина ба назар намерасад. Ва аз раҳи некию меҳрубонӣ ва ҳусни дипломатӣ Осорхонаи шоҳии Анлия ба Тоҷикистон нусхаи тиллоии онро тақдим намуд.
Тахти Сангин ҳам барои сайёҳони ватанӣ ва ҳам бурунмарзӣ басо ҷолиб аст. Роҳи автомобилгард то худи мавзеи маҷмааи ёдгории таърихӣ мебарад. Дар сурати таблиғ шудан ва сохтани филмҳои мустанади рекломӣ метавонад ба яке аз осоргоҳҳои нодиру беамсол мубаддал гардад.
 
Омодасоз Ҷумъа ҚУДДУС


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.02.2014    №: 24    Мутолиа карданд: 2558
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед