logo

мулоқотҳо

ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ

31 январ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон беш аз 50 нафар кадрҳои ба вазифаҳои нав таъйингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат Сарвари давлат онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи халқу Ватан ҳидоят карда, таъкид дошт, ки “савганди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳамчунин савганди ҳар як роҳбару масъули сохторҳои давлатӣ дар назди мардум бошад”. Аз ҳар яки онҳо, ҳамчунин талаб карда шуд, вазифаҳои худро бо виҷдони пок, масъулияти баланд ва сифати матлуб иҷро намуда, дар татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ, нақшаҳои корӣ ва дигар санадҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши босазо гузоранд.
Ҳамин тариқ, Эмин Сангинов муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Абдусалом Мирзоев муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Меҳринамо Ҷонмамадова муовини вазири молия ва Бозор Одинаев муовини вазири маориф ва илм таъйин гардиданд.
Роҳбари намояндагии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия доир ба муҳоҷират ва роҳбарони як қатор сохторҳои назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, муовини якум ва ду муовини раиси ШСХК «Барқи тоҷик», муовини якум ва як муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти чанд сохтори дигар таъйин карда шуданд.
Ҳамчунин роҳбарону масъулони як зумра раёсатҳо ва дигар сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.
Мавриди зикри хос аст, ки бо таъйиноти имрӯза ҳар панҷумин роҳбари сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зан мебошад. Аз ҷумла Гулнора Бобоева сардори Раёсати илму маърифат ва Гулҷаҳон Туманова сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд. Ҳар дуи онҳо кадрҳои соҳибтаҷриба ва кордони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва бахшҳои дигари иҷтимоӣ мебошанд.
Тавре аён мегардад, ба интихоб ва ба вазифаҳои масъулиятнок таъйин намудани кадрҳои ҷавону болаёқат низ аз самтҳои муҳими сиёсати кадрии Роҳбари давлат аст. Зеро ҳар шахси сеюми таъйиншуда кадрҳои то 40-сола мебошанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону масъулони дахлдор, ҳамчунин дастур дод, ки минбаъд низ барои тарбияи кадрҳои болаёқат аз миёни ҷавонон ва занону духтарон ва ба вазифаҳои роҳбарӣ дар тамоми сохторҳо, новобаста аз шакли моликияташон, пешбарӣ кардани онҳо чораҳо амалӣ намоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.02.2014    №: 24    Мутолиа карданд: 1349
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед