маориф
Донишгоҳи тиббӣ сазовори Ҷоизаи «Сифати аврупоӣ» гардид
Убайдулло Қурбонов, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон зимни зикри дастовардҳои соли сипаригардида гуфт, ки бинои асосии таълимӣ пас аз сӯхтор аз нав ба истифода дода шуд. Новобаста ба ин мушкилот таълим қатъ нагардид. Ба кори сохтмончиён донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ ёрӣ расониданд. Дар давраи таътили тобистона гурӯҳи донишҷӯёни бинокорӣ бо номи «Сино-2008» ташкил шуд, ки 60 нафар ихтиёриёнро дар бар мегирифт.
Дар соли таҳсили 2007-2008 давомоти донишҷӯён ба 97,3 дар сад расид.
631 компютер дар ихтиёри донишҷӯёну устодон қарор дорад, ки беш аз 100-тои он ба шабакаи Интернет пайваст аст.
Дар матбааи донишгоҳ 16 китоби таълимӣ ва илмӣ-оммавии олимони донишгоҳ ва 3 китоби дарсии муаллифони хориҷӣ барои донишҷӯён ба табъ расид.
Омӯзгорони донишгоҳ ба 80681 нафар ниёзманд ёрии тиббӣ ва машваратӣ расониданд, ки 71,2 дар сади он дар шароити дармонгоҳӣ ва 29,8 дар сади он дар шароити беморхонавӣ амалӣ гардид.
Моҳи сентябри соли сипаригардида ин муассисаи таълимӣ ба гирифтани Ҷоизаи байналмилалии «Сифати аврупоӣ» мушарраф шуд.
Ташкил намудани маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, маркази тарҷумаи китобҳои таълимӣ ба забони тоҷикӣ ва истилоҳоти тиббӣ, маркази ягонаи тестӣ, маркази ташхисӣ ва табобатӣ, ба пуррагӣ аз таъмир баровардан ва ба истифода додани хобгоҳҳои рақами 4 ва 7, беҳтар намудани сифати таълим аз ҷумлаи он вазифаҳоеанд, ки дар соли равон бахшида ба 70-солагии донишгоҳ амалӣ мегарданд.
А. РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 6774