маориф
7 МЕДАЛИ ТИЛЛО АЗ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Низоми қабули донишҷӯён ба филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов тағйир наёфтааст ва довталабон имтиҳонҳои дохилшавиро на дар Маркази миллии тестӣ, балки дар филиал месупоранд.
- Мувофиқи низомномаи филиал, бо фармони ректори Донишгоҳи давлатии Маскав комиссияи махсус таъйин гардида, аз довталабон имтиҳони дохилшавӣ қабул менамояд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори филиали донишгоҳ дар шаҳри Душанбе, Абдулҳамид Низомов.
Ба иттилои ӯ, филиал аз рӯи 6 ихтисос мутахассис омода месозад. Кормандон нақша доранд аз соли нави таҳсил тахассуси ҳуқуқшиносии байналмилалиро роҳандозӣ намоянд.
Дар соли 2013 аввалин гурӯҳи мутахассисони ҷавон филиалро бо ихтисоси математикаи амалӣ ва информатика хатм намуда, соҳиби дипломи бакалавр шуданд. 58 донишҷӯ хориҷ шуд, ки нисбат ба соли таълимии сипаришуда 12 нафар зиёд мебошад. Устодон сабаби асосии хориҷ шудани донишҷӯёнро дар сатҳи пасти дониши онҳо арзёбӣ намуданд. Заминаи моддӣ - техникии филиал мустаҳкам гардид. Доншҷӯён дар интернет - олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои физика, химия, математика, информатика, забони русӣ ширкат намуда, 7 медали тилло, 7 нуқра ва 3 биринҷиро соҳиб шуданд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихорӣ насибашон шуд. Дар посух ба саволи хабарнигорон зикр гардид, ки набудани хобгоҳ ва толори варзишӣ барои донишҷӯён мушкили асосии филиал ба шумор меравад ва сохтани ин иншоот то ҳол ҳалли худро наёфтааст.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.02.2014 №: 26 Мутолиа карданд: 1681