маориф
108 НАФАР ДАР ДОНИШКАДА БАРҚАРОР ШУД
Сулаймон Давлатов, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, зимни вохӯрӣ бо хабарнигорон иброз дошт, ки дар факултаҳои он 2197 донишҷӯ, аз ҷумла 1535 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 675 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд.
Назар ба гуфтаи ректор, зимнан ташхиси ҳуҷҷатҳои шаҳрвандоне, ки аз муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ баргаштаанд, мувофиқати сатҳи таҳсилоти 108 нафар муайян гардид ва онҳо дар донишкада барқарор шуданд.
Соли гузашта аз тарафи омӯзгорони донишкада 13 китоб, аз ҷумла «Чиҳил ҳадиси манзум», «Ҳуқуқи зан дар ислом», «Қуръоншиносӣ», «Чиҳил ҳадис дар фазилати бародарӣ» ба табъ расид.
Зикр гардид, ки айни ҳол дар гимназияи назди донишкада 2245 хонанда таҳсил мекунад, ки аз он 1181 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин дар назди донишкада аз 1 январи соли 2013 Маркази таълими курсҳои кӯтоҳмуддат таъсис ёфт, ки дар он беш аз 590 нафар ба таълими забони арабӣ, русӣ ва технологияи компютерӣ фаро гирифта шуд.
Мунаввари САФАР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.02.2014 №: 26 Мутолиа карданд: 1771