logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Президент бо директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ

30 январ Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори нави Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Моту Кониширо ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории гуногунҷанба бо Бонки ҷаҳонӣ ва дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Зикр гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ 12 лоиҳа бо маблағи умумии 173 миллион доллари ИМА татбиқ мегардад, ки 85 миллиони он грант ё худ кӯмаки бебозгашт аст.
Моту Конишӣ изҳор дошт, ки барои ӯ аз Тоҷикистон оғоз намудани сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ басо муҳим аст. ӯ ба чораҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои мусбат дода, изҳор намуд:
- Бонки ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори кишвар кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад то  таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар ин ҷо ба ҳадди камтарин расонда шавад.
ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки Бонки ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷонибаи худро баҳри истифода аз имкону захираҳои фаровони рушди иқтисодиёти Тоҷикистон афзун менамояд.
Дастгирӣ аз рушди гидроэнергетика бо назардошти аҳамияти минтақавии он, аз ҷумла барои барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон ва таъмини ниёзҳои энергетикии Покистон, самти афзалиятноки ҳамкории  Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ маънидод гардид.
Ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ низ, аз ҷумла барои дастгирии бахши пахтакорӣ, самти муҳими ҳамкорӣ арзёбӣ гашт.
Зимни сӯҳбат ҷонибҳо омодагӣ ва ҳавасмандии қавии худро баҳри густариши ҳамкориҳо таъкид намуданд.
* * *
Моту Конишӣ, директори нави Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳояшро дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон чунин баён намуд:
-Сафари нахустини расмии ман, баъди 15 рӯзи ба ин вазифа таъин шуданам, аз Тоҷикистон оғоз ёфт. Ва ман аз ин сафар ва аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки дар фазои озод ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, қаноатманд гаштам. Ман бо Ҷаноби Президент як қатор масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла роҳҳои пешгирии оқибатҳои номатлуби бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, густариши ҳамкориҳо дар самти рушди захираҳои гидроэнергетикӣ,  дастгирии соҳаи кишоварзӣ, ба вижа бахши пахтакории Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додем.
Ҷаноби Олӣ дастгирии бахши гидроэнергетикаро аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуда, таъкид карданд, ки рушди ҳамаҷонибаи соҳа на танҳо ба нафъи кишвари мо, балки пеш аз ҳама, ба манфиати кулли мамлакатҳои минтақа, ба шумули Афғонистону Покистон хоҳад буд.
Директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ иброз дошт, ки дар мулоқот ба масъалаи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва пешгирии он таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гашт. ӯ ба барномаи зиддибӯҳронии Ҳукумати Тоҷикистон баҳои мусбат дода гуфт, ки коршиносони бонк якҷо бо иқтисоддонҳои тоҷикистонӣ дар давоми се-чор моҳи баъдӣ такмили пурраи онро анҷом медиҳанд. Таъкид ба амал омад, ки ҷиҳати ҳамоҳангсозии кӯшишҳои ҳар ду ҷониб як коршиноси бонк барои кори доимӣ дар Тоҷикистон таъин мешавад ва ӯ то замони паси сар шудани ин марҳилаи бӯҳрон, ки ба гуфти вай аз 12 то 18 моҳ идома хоҳад ёфт, дар Душанбе фаъолият менамояд.
-Бонки ҷаҳонӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад, ки таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявиро дар Тоҷикистон ба ҳадди камтарин расонад,-гуфт Моту Конишӣ дар фарҷоми нишасти матбуотӣ.

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3199
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед