мулоқотҳо
Сӯҳбати телефонии
Эмомалӣ Раҳмон
бо Ҳомиди Карзай
30 январ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомиди Карзай сӯҳбати телефонӣ баргузор гардид.
Нахуст мавзӯоти густариш ва рушди минбаъдаи равобити байни Тоҷикистону Афғонистон дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасии сарони ду кишвари дӯст қарор гирифт. Зимнан сӯҳбат оид ба масъалаҳои обу барқ ва истифодаи пулҳои байни ду мамлакат идома ёфт ва ҳангоми он тағйироту таҳаввулоти ахири дар арсаи минтақавӣ суратгирифта низ баррасӣ шуд.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пуштибонии кишвари худро аз сиёсати дар ин мавзӯъ пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.
Ҷонибҳо мавзӯъҳои ҳамкориҳои амниятиву низомӣ, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосирро низ ба тафсил баррасӣ намуданд ва дар вақтҳои наздик баргузор намудани мулоқоти роҳбарони ниҳодҳои қудратиро мувофиқи мақсад донистанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3200