мулоқотҳо
СОЧИ: МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР ПУТИН
6 феврал, нимаи дуюми рӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар қароргоҳи Бачарово Ручей мулоқоти дуҷониба анҷом дод.
Владимир Путин нахуст ба Эмомалӣ Раҳмон барои пазируфтани даъват ва ташриф ба Сочи барои иштирок дар ифтитоҳи бозиҳои зимистонаи олимпӣ арзи сипос карда, доир ба муносиботи ду кишвари дӯст изҳори андеша кард.
Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин аз даъвати ӯ барои иштирок дар ифтитоҳи ин чорабинии ҷаҳонии варзишӣ изҳори қадрдонӣ намуд.
Дар мулоқот, ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд. Сарони ду давлат ба натиҷаҳои ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникӣ, ки ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, баҳои баланд доданд.
Аз тасвиби созишномаҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бе ситондани боҷи гумрукӣ ва сода гардондани шароити будубош ва фаъолияти шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар изҳори қаноат карда шуд.
Сарони ду давлат ҳавасмандии ҳар ду ҷонибро ба густариши ҳамкории судбахш дар бахшҳои гуногуни сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, тандурустӣ, шуғли аҳолӣ, илму техника ва ғайра таъкид доштанд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба масоили мубрами минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.
Пас аз анҷоми мулоқот дар ҳузури сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии ду кишвар - Сироҷиддин Аслов ва Сергей Лавров протокол доир ба мубодилаи санадҳои тасвибии созишномаи байнидавлатӣ дар бораи шароит ва муҳлати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба имзо расид. Тибқи ин созишнома муҳлати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 дароз карда шуд.
Тавре зикр гардид, кунун марҳилаи сифатан нави ҳамкории Тоҷикистону Русия оғоз ёфт. Владимир Путин, аз ҷумла изҳор дошт: “Тоҷикистон, бешубҳа, аз шарикони афзалиятноки стратегии мо аст ва шодам аз имкони мулоқот ва суҳбати имрӯза”.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.02.2014 №: 29 Мутолиа карданд: 1352