мулоқотҳо
ПРЕЗИДЕНТИ ЧЕХИЯ МИЛОШ ЗЕМАН БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД
7 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия бо Президенти Чехия Милош Земан мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо аз пайвастагӣ ва судбахшии робитаҳои сиёсӣ изҳори хушнудӣ карда, ҳамзамон ҳавасмандии худро ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо таъкид доштанд.
Изҳори боварӣ шуд, ки сафари расмии Президенти Чехия ба Тоҷикистон, ки тирамоҳи соли равон бояд ҷараён бигирад, ба рушди бештари муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Милош Земан аз сафарҳои пешини худ ба шаҳри Душанбе гарму самимӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки “бо майли том бори дигар аз ин шаҳри зебо дидан карда, ба густариши робитаҳои судбахш асос мегузорад”.
Дар доираи ин сафар таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ тавассути ба имзо расондани як зумра санадҳои нав дар назар аст. Дар доираи омодагӣ ба ин сафар мулоқоти сершумори дигар дар сатҳи вазорату идораҳо ва доираҳои соҳибкории ду кишвар ҳам ба нақша гирифта шудаанд.
Гуфтугӯйи судманд доир ба рушди ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ҳамгироии минтақавӣ дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ низ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.02.2014 №: 29 Мутолиа карданд: 1294