қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014»
Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2013 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 10, мод. 708) қисми 10 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«10. Бланкаҳои шиносномаҳои биометрӣ, таҷҳизоти чопи кортҳои идентификатсионӣ ва 600000 бланкаҳои кортҳои идентификатсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2014 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 6 феврали соли 2014, № 1063
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 29 январи соли 2014, № 1420
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.02.2014 №: 29 Мутолиа карданд: 1621