барқияҳо
БАРҚИЯИ ШОДБОШ
11 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Сарфарозам Шумо ва тамоми мардуми шарифи Ҷумҳурии Исломии Эронро ба муносибати сиюпанҷумин солгарди Инқилоби исломӣ самимона табрику таҳният гӯям.
Рушду густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо кишвари дӯсту бародари Эрон аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Мо итминон дорем, ки муносибатҳои созандаю судманди мо дар оянда низ пайваста бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ гашта, ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётии ҳар ду кишвар хоҳанд буд.
Дар таи солҳои охир ҷонибҳо дар бахшҳои муҳимтарини ҳамкорӣ ба тавофуқоти муҳиму сершумор расида, ҷараёни иҷрои онро таҳти пайгирӣ қарор додаанд.
Мо хоҳони вусъати бештару хубтари ин ҳамкориҳо ва кушодани саҳифаҳои ҷадиди тавсеаи равобити густурдаи Тоҷикистону Эрон буда, итминон дорем, ки кишвари бародар низ дар садади чунин ҳадафҳост».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.02.2014 №: 30 Мутолиа карданд: 1410