маориф
«ҲАДАФИ МО ПАРВАРИШИ ШОГИРДОНИ ВАТАНДӮСТУ БОСАВОД АСТ»
Ба наздикӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи Х байналмилалӣ аз фанҳои физика, математика ва технологияи иттилоотӣ доир гардид. Намояндагони Тоҷикистон соҳиби 19 медал гаштанд. Дастаи литсей-интернати муштараки тоҷикию туркии (ЛИМТТ) ба номи Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе бо гирифтани як медали тилло, ду нуқра ва 8 биринҷӣ миёни 56 даста аз 17 кишвар сазовори ҷои ифтихорӣ гашта, бо дипломи махсус ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуд.
Хабарнигори рӯзнома дар робита бо ин дастовард бо Сабоҳиддин Гулай, директори литсейи муштараки тоҷикию туркии ба номи Ҳоҷӣ Камол, суҳбате орост.
- Пирӯзии шогирд, ҳаройина, нишони сатҳи баланди донишу ҷаҳонбинии ӯ ва боиси сарбаландию ифтихори устод аст. Вале гоҳе ки пирӯзиҳо пай дар пайу пайвастаанд, шояд аз шеваю равиши хосаи таълим ибтидо мегиранд?
- Хушнудӣ ва сарфарозии мо, устодон, аст, ки хонандагони тоҷик сол то сол дар олимпиадаҳои байналмилалии илмӣ фаъолона иштирок карда, ба комёбиҳои назаррас ноил мегарданд. Дастовардҳо далели онанд, ки насли навраси мо дорои тафаккури рақобатпазир мебошад. Шогирдони литсей-интернатҳои муштараки тоҷикию туркӣ дар баробари хонандагони дигар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ҳамасола дар олимпиадаҳои байналмилалӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, шарафи мактаби тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд. То имрӯз шогирдони мо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ 484 медал, аз ҷумла, 88 тилло, 130 нуқра ва 266 биринҷӣ ба даст овардаанд, ки дар байни даҳҳо мамлакати рушдёфта боиси ифтихори мактаби тоҷик арзёбӣ мегардад.
Дар комёбии толибилмони литсей-интернатҳои муштарак ягон сирри махфие нест. Ин ҷо сухани Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни суҳбаташон бо ҷавонон рӯзи 23 майи соли гузашта баён карда буданд, ёдрас намудан мехоҳам: «Мо имрӯзҳо доир ба ғолибияти толибилмони кишварамон дар мусобиқа ва олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз воситаҳои ахбори омма зуд-зуд хабарҳои хуш мешунавем, ки ин албатта самараи неки саъю талоши наврасону ҷавонон, заҳмати шабонарӯзии устодону омӯзгорони муҳтарами мо ва масъулони соҳаи маориф мебошад». Ҷаноби Олӣ хеле хуб зикр карданд, ки азхуд кардани барномаи таълимӣ ва омодагии иловагии хонандагон, дар баробари ин, заҳмати ҳамарӯзаву содиқонаи омӯзгорон зарур мебошад. Омӯзгорони муассисаи таълимии мо пас аз анҷоми дарсҳои муқаррарӣ вақти худро дареғ надошта, самимона хонандагонро барои ин ё он олимпиада тайёр мекунанд. Шавқу рағбати шогирдон низ барои ноил гаштан ба комёбӣ хеле зиёд аст.
- Оё барои шогирдоне, ки дар чунин озмунҳои бонуфуз ғолиб меоянд, ягон имтиёз дода мешавад?
- Бале, дар асоси ‘’Низомнома оид ба имтиёзҳо дар литсей-интернатҳои муштараки тоҷикию туркӣ’’ хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ё ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, вобаста ба он ки дар кадом олимпиада кадом ҷойро ишғол намудаанд, дар пардохти маблағи таҳсил соҳиби имтиёз ва туҳфаҳои пулӣ мешаванд.
- Литсей-интернатҳои муштараки тоҷикию туркӣ дар ҷумҳурӣ нахустин мактабҳои типи нав маҳсуб ёфта, 22 сол пеш ба фаъолият сар кардаанд. Тӯли ин солҳо дар раванди таълиму тарбияи ҷумҳурӣ чӣ дигаргуниҳоро мушоҳида намудед?
- Аввалин литсей-интернати муштараки тоҷикию туркӣ соли таҳсили 1992-1993 дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти таълимии “Шалола”-и Ҷумҳурии Туркия дар шаҳри Турсунзода таъсис дода шуд. Боиси ифтихор аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ шуморида, ҳамасола маблағгузории онро зиёд мекунад. Дар натиҷа имрӯз шароити моддиву техникӣ ва раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ хеле беҳтар шудааст. Ҳоло дар қаламрави ҷумҳурӣ дар баробари мактабҳои таҳсилоти умумӣ гимназияҳо, литсейҳо ва мактабҳои хусусӣ ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Ин мактабҳои нав бештар бо кӯдакони лаёқатманд сарукор дошта, хонандагонро ба тариқи озмун қабул менамоянд ва ба таълиму тарбияи онҳо омӯзгорони варзидаро ҷалб мекунанд. Мақсади ҳамаи ин муассисаҳо таълими бунёдии илми дунявӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани насли соҳибмаърифат, огоҳу бедордил, забондону ҷӯянда ва донандаи техникаву технологияи муосир мебошад.
- Оё таҳсил бо 4 забон дар литсей-интернатҳои муштарак ба хонандагон вазнинӣ намекунад?
- Таълим дар асоси нақшаи таълимии тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Асосан дар ин муассисаҳои таълимӣ мувофиқи талаботи Низомномаи литсейҳои муштараки тоҷикию туркӣ таълим бо ду забон ба роҳ монда шудааст - тоҷикӣ ва англисӣ. Дар баробари ин забонҳои русӣ ва туркӣ низ мувофиқи нақшаи таълимӣ дар ҳаҷми 2-3 соат омӯзонда мешаванд. Фанҳои табиӣ – риёзӣ, биология, физика, химия, алгебра, геометрия, технологияи информатсионӣ ва астрономия мувофиқи стандарти байналмилалӣ (аврупоӣ) ба забони англисӣ ва фанҳои таърихи Тоҷикистон, таърихи умумӣ, география, забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик, технология, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, тарбияи ҷисмонӣ, омодагии ҳарбӣ, санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ ба забони тоҷикӣ таълим дода мешаванд.
Дар реҷаи рӯзи литсей-интернатҳои муштарак пас аз анҷоми дарсҳои муқаррарӣ вақти дарстайёркунии хонандагон, иштирок дар маҳфилҳои фаннию варзишӣ, тамошои барномаи ‘’Ахбор’’-и телевизиони Тоҷикистон ва истироҳати хонандагон ба инобат гирифта шудааст.
- Кадом маҳфилҳои фаннию фарҳангиро дар назар доред?
- Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши шогирдон ва тарбияи насли дорои тафаккури созанда, ҷаҳонбиниву дониши муосир, зираку соҳибмаърифат ва сайқал додани маҳорати варзишии хонандагон дар литсей-интернати мо маҳфилҳои илмию фарҳангӣ, назири «Муаррихони ҷавон», «Адабиёт ва фарҳанг», «Археологҳои ҷавон», «Кишваршиносони ҷавон», «Физикони ҷавон», «Математикони ҷавон», «Забон донӣ - ҷаҳон донӣ», «Ҳуқуқшиносони ҷавон», «Дастони моҳир» ва маҳфилҳои варзишӣ амал мекунанд. Дар ин маҳфилҳо хонандагон бо хоҳиши худ аз рӯи қобилият ва истеъдодашон аъзо мешаванд. Ҳар сол дар арафаи Ҷашни Наврӯз байни хонандагони шаш литсей-интернати муштарак ва мактаби байналмилалӣ мусобиқаҳои варзишии волейбол, баскетбол, тенниси рӯйи миз, шоҳмот ва озмунҳои бадеии қироати шеър саҳначаҳои бадеӣ ва сурудхонӣ гузаронда мешаванд.
- Мардуми мо аз ҷараёни иртиҷоӣ ва миллатгарои пантуркистӣ (туркгароӣ) зиёни бузурге дидааст ва барои миллати тоҷик ҳодисаҳои аввали қарни гузаштаи 20 - ум сабақи дардманди таърихианд…
- Фаъолияти литсей-интернатҳои муштараки тоҷикию туркӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст ва аз ҷониби мақомоти дахлдор таҳти назорат аст. Дар баробари ин, дар литсей-интернатҳои муштарак мунтазам бо олимони шинохтаи ҷумҳурӣ, шоирону нависандагон ва аҳли зиё вохӯриҳо гузаронда мешаванд. Намояндагони воситаҳои ахбори омма аз литсейҳо боздид намуда, бо хонандагону омӯзгорон ҳамсуҳбат шудаанду бо шароити таҳсил ва нақшаи таълимии таълимгоҳҳо ошно гаштаанд. Ва онҳо боварӣ ҳосил кардаанд, ки аз он чи, ки Шумо ишора кардед, дар ин муассисаҳои таълимӣ нишоне вуҷуд надорад. Дар литсейҳои муштарак фарзандони табақаҳои гуногуни мардуми Тоҷикистон таҳсил мекунанд ва агар ташвиқоти пантуркизм заррае вуҷуд медошт, дар тӯли фаъолияти литсейҳо ҳатман маълум мегашт. Баръакс, мо барои омӯзгороне, ки аз Ҷумҳурии Туркия даъват мекунем, курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ ташкил карда, дар назди онҳо вазифа мегузорем, ки дар муддати як сол забони тоҷикиро омӯзанд. Як сухани шодравон Ҳоҷӣ Камол Эримез дар муроҷиат ба хонандагони литсей интернатҳои муштараки тоҷикию туркиро мехоҳам хотиррасон намоям, ки гуфта буданд: “Ман ҳаққи худро ҳамон вақт ба шумоён мебахшам, ки агар шумо баъди хатми мактаби олӣ мутахассиси хуб шуда, ба Ватани худ содиқона хизмат намоед”. Мо ин гуфтаҳои ӯро ҳамеша ба хатмкунандагон ёдрас менамоем ва ин суханон гувоҳи онанд, ки мо ба ҷуз аз таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мақсади дигаре надорем.
Фикр мекунам, мақолаҳои дорои ин мазмун, ки гоҳо дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ вомехӯранд, бе тадқиқоти рӯзноманигорӣ навишта мешаванд ва ғаразнок мебошанд. Ҳатто дар баъзе мақолаҳо далелу рақамҳо хатоанд. Барои мисол, дар як мақола навиштаанд, ки таълим дар литсейҳои тоҷикию туркӣ бо забони туркист, таърихи Туркия таълим дода мешавад. Шумо метавонед ҳар вақте ки хоҳед, худ бубинед ва бисанҷед. Гуфтаҳо ва навиштаҳои онҳо асос надоранд.
Инчунин, баъзе суханҳои ноҷо ва беасос ба иззати нафси мақомоти дахлдор, ки ҷараёни таълиму тарбия ва тамоми паҳлӯҳои фаъолияти муассисаҳои таълимиро назорат мекунанд ва волидайну хонандагон мерасад.
Мо аз он ифтихор дорем, ки дастпарварони литсейҳои муштарак дар бисёр мактабҳои олии бонуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ аз он дохил шуда, бомуваффақият таҳсил доранд ё соҳиби маълумоти олӣ гаштаанду барои пешрафти кишвари худ хизмат менамоянд.
Онҳо ба аёдати омӯзгорони худ меоянду аз аҳволи устодон хабар мегиранд ва барои таълиму тарбияи гирифтаашон сипосгузорӣ менамоянд. Ва сари мо ба осмон мерасад. Ё вақте ки ба унвони литсей аз номи роҳбарияти мактабҳои олии хориҷ аз кишвар барои дониши шогирдони мо номаи сипос мерасад, бениҳоят шод мегардем, ки хонандагони мо номи Тоҷикистонро баланд бардоштаанд.
- Қабули хонандагон ба литсей-интернатҳои муштарак чӣ гуна аст?
- Қабули хонандагон мувофиқи талаботи банди 29-уми Низомномаи литсей дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2008 таҳти № 23/49 тасдиқ шудааст ва банди 15-уми Низомномаи литсей-интернатҳои муштараки тоҷикию туркӣ дар асоси озмун аст. Хоҳишмандон зиёданд, лекин мо аз меъёри муайян бештар қабул карда наметавонем. Баъзан моро сарзаниш намуда мегӯянд, ки «хонандагони беҳтаринро қабул мекунанд ва барои ҳамин ба муваффақиятҳои бештар ноил мегарданд». Ҳаргиз ин тавр нест. Мо ҳамагӣ дар як сол то 550 хонанда қабул карда метавонем. Аз ин бештар ҷойи нишаст надорем. Аммо шумораи хонандагони болаёқат дар мактабҳои ҷумҳурӣ, яқин, даҳҳо маротиба зиёданд ва на ҳамаи онҳо хоҳиши дар литсейҳои тоҷикию туркӣ хонданро доранд.
- Кушодашавии мактабҳоро аз ҷониби дигар давлатҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Мактабҳои хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода мешаванд, бояд ба арзишҳои миллии халқи тоҷик созгор бошанд ва ба манфиати миллии ин кишвар хизмат намоянд, дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси талаботи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кунанд. Дар ин ҳолат фаъолияти рақобатпазири солим ба миён меояд, ки ба фоидаи ҳамаи мо, маорифпарварон, хоҳад буд.
- Имсол қабули хонандагон ба мактабҳои олӣ тавассути Маркази миллии тестӣ ҷараён мегирад. Дар ин бора чӣ гуфтание доред?
- Ҳоло дар аксари кишварҳои пешрафта қабули донишҷӯёнро ба мактабҳои олӣ тавассути марказҳои имтиҳони дохилшавӣ ба роҳ мондаанд, ки пеш аз ҳама, василаи асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот, одилона ҷобаҷо кардани довталабон ва ҳамчунин як қадами устувор дар ҷодаи наздиктар гардидан ба меъёрҳои байналмилалӣ дониста мешавад. Таъсиси Маркази миллии тестӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талаби замон буда, бо истифода аз техникаву технологияҳои пешрафтаи муосир ба сифати қабули донишҷӯён ва коҳиш додани дахолати инсонӣ ба раванди имтиҳон, саҳми худро мегузорад. Бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази миллии тестӣ семинарҳои фаҳмондадиҳии “Низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорони мо низ иштирок карданд.
Вобаста ба ин дар муассисаҳои мо дар моҳи феврал маҷлисҳои падару модарон ба нақша гирифта шудааст, ки дар ин маҷлисҳо низоми қабули ММТ ба волидони хонандагони синфҳои 11-ум фаҳмонда мешавад. Барои дуруст интихоб намудани касби дӯстдоштаи хонандагон роҳбарони синф ва муовинони мудир оид ба тарбия корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.
- Мактабҳое, ки аз тарафи ширкатҳои Туркия дар мамлакатҳои гуногун кушода шудаанд, бо мутафаккири маъруф Фатҳуллоҳи Гюлен чӣ иртибот доранд?
- Литсей – интернатҳои муштараки тоҷикию туркӣ бо ибтикори ширкати хусусии тиҷоратии омӯзиш ва интишоротии “Шалола’’-и шаҳри Измири Ҷумҳурии Туркия боз шудаанд ва ба Ф. Гюлен ягон робита надоранд. Аммо Фатҳуллоҳи Гюлен, маърифатпарвар, олим ва мутафаккири маъруфи ҷаҳон, роҳи наҷот аз тамоми мушкилиҳои замон, аз ҷумла ҷаҳолатро дар омӯзиш ва густариши илм мебинад ва пайваста ифтитоҳи мактабҳо, марказҳои илмӣ ва кумак ба ниёзмандонро новобаста аз дин, нажод ва мазҳаб ба ҷаҳониён тавсия медиҳад. Ба монанди литсейҳои тоҷикию туркӣ дар 160 мамлакат мактабҳои замонавии туркӣ фаъолият мекунанд ва дар тарбияи насли наврас саҳми бузург мегузоранд. Ҳамаи ин муассисаҳои таълимӣ дар доираи қонунгузории мамлакатҳое, ки дар онҳо маскунанд, фаъолият доранд.
Сайвалии АЗИЗ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.02.2014 №: 32 Мутолиа карданд: 1919