мулоқотҳо
ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ҚУДРАТӢ ВА МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ
15 феврал Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои нав дар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз масъулияти баланди ватандорӣ, ҳифзи шоиста аз марзу буми кишвар, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият пешниҳодшударо ба хизмати содиқона ва матонату шуҷоат дар иҷрои вазифаҳои худ ҳидоят кард. Таъкид гардид, ки барои тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор ва зина ба зина ба вазифаҳои баланд пешниҳод намудани онҳо низ пайваста кӯшиш бояд кард.
Дар мувофиқа бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи сардорони чор раёсати Вазорати мудофиа шахсони дигар таъйин шуданд.
Комиссари комиссариати ҳарбии муттаҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва комиссарони ҳарбии минтақаи Кӯлоб, шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Рӯдакӣ, Вахш, Қумсангир, Бохтар, Балҷувон, Носири Хисрав, Ҷиликӯл, Шаҳритус, Сарбанд ва Мастчоҳ иваз гардиданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масоили вобаста ба тарбияи кадрҳои миллии афсарӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, таҳсили онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар ва даъвати босифати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дастур дод, ки роҳу усулҳои ғайриқонунии даъват ба сафҳои Артиши миллӣ комилан аз миён бурда шавад. Таъкид гардид, ки барои ҳалли ин мушкил бояд тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии наврасону ҷавонон аз муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ шурӯъ гашта, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Панҷ нафар ба вазифаҳои масъулиятнок дар ҳайати роҳбарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва шуъбаи минтақавии он дар минтақаи Рашт таъйин гардид.
Ба вазифаҳои муовини якуми раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раисони судҳои ноҳияҳои Қубодиён ва Панҷи вилояти Хатлон шахсони дигар омаданд ва чор нафар ба вазифаҳои судя дар суди вилояти Хатлон, ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон таъйин шуданд. Ҳамчунин Прокурори шаҳри Роғун иваз шуд.
Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти адолати судӣ, волоияти қонун, коҳиш додани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани обрӯю эътибори мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъкид гардид, ки бояд тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва корҳои тарғиботию пешгирӣ аз ҷинояткорию қонуншиканӣ васеъ ба роҳ монда шавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.02.2014 №: 34 Мутолиа карданд: 1335