маориф
Робитаҳои илмии донишкада бо
муассисаҳои таълимии хориҷӣ тавсеа меёбанд
Ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, доктори илми филология Марҳабо Ҷабборова дар нишасти матбуотӣ нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ бо шумули устодони унвондор, дар ҳолати нигаронкунанда қарор доштани бинои таълимӣ ва нокифоягии синфхонаҳоро дар соли хониши гузашта аз мушкилоти умдаи ин муассисаи таълимӣ арзёбӣ кард. Барои рафъи ин камбудиҳо раёсати донишкада чораҳои амалӣ андешида, бобати пурра намудани сафи устодон теъдоди муайяни донишҷӯёни пешқадамро баргузида, аз курсии донишҷӯӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ ҷалб кардаанд, то баъд аз хатми донишкада ҳамчун омӯзгор дар ин боргоҳи маърифат фаъолият намоянд.
Дар ҷараёни таълим таваҷҷӯҳи асосӣ ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси забондон, омӯзгорон ва тарҷумонони оянда бо фарогирии 10 забон ва 25 ихтисос равона карда шудааст. Феълан донишҷӯёни ихтисосҳои забони англисӣ, арабӣ, олмонӣ, забон ва адабиёти рус ба низоми кредитии таҳсилот фаро гирифта шудаанд. Соли гузашта як синфхонаи нави компютерӣ бо 13 адад компютер ифтитоҳ шуда, шумори умумии синфхонаҳои компютерӣ ба 5 ва компютерҳо ба 139 адад расонида шуд. Дарсҳо дар синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо воситаҳои лингофонӣ ва моҳвораҳои қабули мавҷи шабакаҳои телевизионии кишварҳое, ки забонашон омӯхта мешавад, баргузор гардиданд.
Робитаҳои илмии донишкада бо муассисаҳои бонуфузи илмию таълимии хориҷӣ хуб ба роҳ монда шуда, бо Донишгоҳи забоншиносии Маскав ва Донишгоҳи омӯзгории Синтсзяни Урумчӣ созишномаи ҳамкорӣ имзо гардид. Дар донишкада 12 нафар омӯзгорони хориҷӣ ва 87 нафар донишҷӯ аз кишварҳои хориҷ фаъолият ва таҳсил мекунанд, ки барои онҳо шароити хуби кориву омӯзишӣ муҳайёст.
Дар раванди корҳои илмию тадқиқотӣ низ як қатор дастовардҳо ба зуҳур омад. Дар ин давра зиёда аз 30 чорабинии илмӣ доир гардида, беш аз 200 мақолаю китоб ба нашр расид.
Фирӯз ҶУМЪАЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 6741