logo

туризм

АҶИНАТЕППА - МАХЗАНИ АСРОРИ НИЁКОН

Мавзеъҳои муҳим ва нодири таърихи ниёкон дар саросари Тоҷикистон дар  ҳар қадам дучор мегардад. Яке аз онҳо, мавзеи Аҷинатеппа, 12 километр дуртар аз шаҳри Қӯрғонтеппа ҷой гирифтааст.
Чунин теппаҳо дар паҳнои водии Вахш хеле зиёданд. Аммо чӣ сабаб шуд, ки чанд теппаи на чандон баланд дар замони шодобсозии заминҳои водӣ барои пахтакорӣ аз истифода берун монд ва онҳоро мазор ё шаҳид пиндоштанд  ё шояд олимони бузурги ҳафриётшинос, ки дар экспедитсияҳои илмии солҳои 20 - 30 шомил буданд, ҳамон солҳо қимати таърихии эҳтимолии онро ба ҳукумат ишора карданд. Барои мардум бошад, вай аз қадим ҷойи ваҳшат буда, бо ҳазар онро Аҷинатеппа, яъне, теппаи ҷинҳо меномиданд. То солҳои 50 - ум ақидае буд, ки гӯё то ҳол дар он ҷо ҷинҳо сукунат доштанд ва гоҳо  шабҳо ба ҷилва меомаданд. Дар вақти боронгарӣ сару рӯйи яке аз онҳо намудор шуда, боиси тарсу ваҳми мардум мегашт.  Касони боҷуръаттари атеист кӯшиш мекарданд, ки байни онҳо дароянд, вале аз дидани ғорҳои бешумор ба тааҷҷуб афтода, аз роҳи худ мегаштанд. Шабҳо дар он ғорҳои бешумор гургону шағолон ҷой гирифта, нӯла кашида, мисли хандаи одамӣ садоҳо мебароварданд. Вале онро мардуми атроф овози ҷинҳо мепиндошт. Оқибат, олимони бостоншиноси Академияи илмҳо ба ҷустуҷӯ оғоз карданд.    
Маълум гашт, ки ин теппаҳои пурасрор, дарвоқеъ пур аз ҷинҳо будаанд. Вале на дар шакли ҷисми зинда, балки ҳайкалҳои аз сангу гаҷу гил  офарида. Дар асрҳои аввали мелодӣ Кушониён дар айни авҷи кеши зардуштия ва митропарастӣ дини буддоиро  аз Ҳиндустон оварда, ба Чин ва дигар кишварҳои Осиёи ҷанубӣ паҳн намуданд.  Бо ин сабаб, муҷассамаҳои зиёде оварданд ва дар маҳалҳо ба бунёди онҳо шурӯъ намуданд. Ин кеш ба як қисми мардум писанд наомад ва азбаски дар фалсафаи он унсурҳои зиёди нимафсонавӣ чун ҷину ҷинзодаҳо, маъбуду мавҷудоти ғайримоддӣ ҷой доштанд, сокинони маҳаллӣ муҷассамаҳоро бо мазаммат ҷину аҷина гуфтанд. Пас аз истилои  арабҳо ҳама тамаддуни тоисломиро моли даврони ҷоҳилия ва макруҳ эълом намуданд. Пас аз ин, вожаҳои буддоӣ аз ёди мардум фаромӯш шуданд, вале унвони халқ «кеши ҷину парӣ» боқӣ монд. Пас аз ҳазор сол, албатта, касе гумон ҳам карда наметавонист, ки дар ин теппачаҳои назарногир дар байни майдонҳои пахтазор санъати деринаи олӣ вуҷуд дошта метавонад.
Ҳанӯз дар аввалин давраи ҳафриёт соли 1961 олимон бехато муайян намуданд, ки ин дайри буддоии замоне машҳур аст. Дар соҳилҳои рӯди Вахш ва канали бузурге, ки дар асрҳои I - II мелодӣ бунёд карда, то даштҳои Қароланг (аслан Каноранг) мерафт, 4 дайри бузург сохта буданд, ки дар байни зиёраткунандагон аз Ҳинду Чин машҳур буданд. Ривоят мекунанд, ки байни онҳо пайроҳаи зебои мунаққаше низ мавҷуд будааст. Яке аз маъбадҳои муҳимтарин дар байни онҳо дайри Буддои хобида маҳсуб мегашт.
Бостоншиносон пас аз андаке ҷустуҷӯ нахустин «ҷинҳо» - муҷассамаҳои на чандон калони зану мардҳои зеборо  пайдо карданд. Ҳисоби онҳо аз якуним ҳазор адад беш  будааст. Сокинони атроф низ фаҳмиданд, ки шояд нафаре дар мавсими боронгарӣ як қисми аз зери хок беруншудаи муҷассамаро дида, онро ҷин пиндоштааст. Хотираи таърихии халқ наҳв намешавад ва калимаю вожаҳои истилоҳӣ дигар шаванд ҳам, асли он дар шаклҳои гуногун дар ёди мардум боқӣ мемонанд.
Маъбади Буддои хобида осори меъмории асрҳои VII–VIII мелодист. Вале мусаллам аст, ки вай дар шакли хурд хеле пештар ҳам вуҷуд дошт ва ҳар сари чанд даҳсола бузургтар ва зеботар мегашт. Маъбад аз ду қисм - ду ҳавлии росткунҷа, яке  дайр ва дуюмӣ монастир - ҷойи зисту иқомати роҳибон ва мактаби замонавии динӣ иборат буда, гирдогирди он девори мустаҳкам ва биноҳо ҷой доштанд. Деворҳои маъбад бо суратҳои рангаю хеле зебо нақшкорӣ шуда буд. Дар ду канори ҳавлиҳо ду ҳован – ҷойи нигоҳдории муқаддасоти кеш ва ибодатгоҳи буддоӣ сохта буданд, ки яке аз онҳо ҳаҷман хеле калон буд. Дар деворҳо тоқҳои зиёде буданд, ки дар ҳар кадоми онҳо - муҷассамаҳои буддоӣ нишаста, як муҳити пурасрор ва муассире ба вуҷуд меоварданд. Илова бар он, мудом мусиқии оҳиста садо медод ва удҳои хушбӯйро месӯзонданд. Дуди уди сӯхтаистода, мусиқии оромкунанда ва садҳо муҷассама дар дили ҳар зиёраткунанда асари ҳайратоваре мегузошт. Мавриди зикри хос аст, ки дар асрҳои II - IX милодӣ  дар Бохтари қадим дини буддоӣ роиҷ буда, баробари қаламрави Афғонистон  дайрҳои буддоӣ дар тамоми водиҳои Вахшу Ҳисор, Бадахшони Тоҷикистон, ҷануби Ӯзбекистон, махсусан Тирмиз ва Дилварзин дучор мешаванд. Ҳатто ақидае ҳаст, ки маънии аслии мавзеи Дилварзин – «Дил бар ҷин» будааст ва дар он ҷо мавзеъҳои таърихи деринаи бо дини буддоӣ алоқаманд хеле зиёданд.  
Ва, албатта, бозёфти аз ҳама ҳайратовар ва муҳим муҷассамаи 12-метраи Буддои хобида гардид. Онро устоҳои маҳаллӣ бо роҳбарии меъморони чинӣ аз гил сохта буданд. Кори барқарорсозии муҷассама, ки беш аз 1200 сол зери хок нуҳуфта буд, то соли 1978 идома ёфт. Чун вай яке аз бузургтарин муҷассамаҳо дар Осиёи Марказӣ буд, диққати марказҳои бостоншиносии ҷаҳонро ба худ ҷалб кард. Маҳз бузургии он ва аз гил омода шудани он имкон надод, ки дар солҳои шӯравӣ онро аз Тоҷикистон берун баранд. Имрӯз муҷассамаи бузурги Буддои хобида зеби Осорхонаи бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон гашта, нусхаи онро дар Осорхонаи миллӣ  гузоштаанд.
Муҷассама имрӯз на чун муқаддасоти динӣ, балки намунаи хеле зебои санъати амалии мардуми ин кишвар ва як унсури фарҳангии таърихи ниёкон хизмат мекунад. Ва маҳз аз ин рӯ, барои зиёраткунандагони зиёди кишварҳои хориҷӣ басо тааҷҷуббарангез буда, ҳар сол махсус барои дидани он сайёҳони зиёде ба ҷумҳурӣ меоянд.
Албатта, солҳои 60-70-ум дар мавзеи ошкоргаштаи худ нигоҳ доштани бозёфтҳои ҳафриёт ғайриимкон буданд ва онҳоро ҳатман ба пойтахти Тоҷикистон ва ё осорхонаҳои давлатии Русия мебурданд. Барои он, ки теппаҳои аз муҷассамаҳо холӣ гашта дар майдони пахтазор қимати аслии худро пайдо кунанд, хуб мебуд маъбадро эҳё менамуданд ва як қисми онҳоро дар ҷойи аввала нигоҳ доранд. Вале шояд дар минтақаи аз лиҳози динӣ ҳассос ҷой гирифтани Аҷинатеппа сабаб шуд, ки аз ин фикр даст кашиданд. Бо вуҷуди ин, Аҷинатеппа барои сайёҳони бурунмарзӣ аҳамияти хоси  худро гум накардааст. 
Омодасоз Ҷумъа ҚУДДУС
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2014    №: 37    Мутолиа карданд: 2711
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед