мулоқотҳо
ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ: ТАКЯ БА ҶАВОНОН
21 феврал Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра кадрҳои ба вазифаҳои нав пешбаришударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба пайваста баланд бардоштани савияи донишу малакаи корӣ, забономӯзӣ, аз худ намудани илму техникаи муосир ва таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор ва ба вазифаҳои масъули давлатӣ пешбарӣ кардани занону духтарони бомаърифату болаёқат ҳидоят намуд.
Ҳамин тариқ, ба вазифаҳо таъйин гардиданд:
- Маҳмадраҳим Исмоилов - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ;
- Баҳром Иззатов – муовини раиси вилояти Хатлон;
- Лочин Файзуллоев - муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ;
- Гулрӯ Қаюмова – муовини вазири рушди иқтисод ва савдо;
- Давлаталӣ Ҳотамов – муовини якуми вазири кишоварзӣ;
- Руслан Шодиқов – муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Грез Қосимов – муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Бибиосия Ғуломова - муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хуршед Тешаев – директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Савзалӣ Ҷаъфаров – муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Шариф Самӣ – директори муассисаи давлатии Мудирияти минтақаи зериобшавандаи неругоҳи Роғун;
- Файзалӣ Мирзоалиев – муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта»;
- Мирзосафар Назриев – директори Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди инфраструктураи иҷтимоӣ;
- Нуъмон Абдуҷабборов – котиби Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ.
Ҳамчунин Рамил Нодиров, Ҳасан Раҷабзода, Шарифҷон Ҳакимзода ва Меҳрӣ Ғуломшоева дар бахшҳои ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амирҷон Убайдуллоев, Барно Саидвалиева, Файзиддин Сайфуллоев, Қаҳор Ойматов, Гулизор Расулова, Муҳаммад Ҳабибов, Адҳамҷон Мирсаидов ва Нодир Мирзоев ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сохторҳои навтаъсиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки қисми зиёди кадрҳои ба вазифаҳои баланд таъйингардида ҷавонон ва занону духтарони болаёқат аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар охир кадрҳои ба тозагӣ таъйиншударо бори дигар табрик гуфта, ба хизмати содиқонаю софдилона ба халқу Ватан ҳидоят намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.02.2014 №: 39 Мутолиа карданд: 1495