мулоқотҳо
ПРЕЗИДЕНТ РИЧАРД ҲОУГЛЕНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ
24 феврал Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ричард Ҳоуглен, муовини аввали ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказиро ба ҳузур пазируфт.
Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пахши ин хабар иттилоъ дод, ки дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи Тоҷикистону Амрико ва ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуда, вазъи кунунию дурнамои Афғонистон ва пайомадҳои хуруҷи неруҳои эътилоф таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст.
Муовини аввали ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар суҳбат бо хабарнигорон натиҷаҳои мулоқоташ бо Сарвари давлати Тоҷикистонро таҳкимбахши равобити дуҷониба дар бахшҳои сиёсию иқтисодӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ арзёбӣ кард. Бино ба гуфтаи ӯ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва ҷалби сармояи давлатию хусусии Амрико ба иқтисоди Тоҷикистон низ яке аз мавзуъҳои аслии гуфтугӯ буд.
Ричард Ҳоуглен дар робита ба татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, аз ҷумла CASA - 1000 изҳор дошт, ки мақсади ёрӣ ба иҷрои тарҳи мазкур муосидат ба рушди Тоҷикистон ва давлатҳои алоқаманди он буда, кишвараш дар ин самт пайгири манфиате нест. Ӯ, ки қаблан сафири ИМА дар кишвари мо буд, аз дидори навбатӣ ба Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, таъкид кард, ки феълан заминаҳои фаровони тавсеаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Амрико вуҷуд доранд ва мо дар ин бора бо Эмомалӣ Раҳмон табодули назар кардем.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.02.2014 №: 39 Мутолиа карданд: 1335