номаҳо
Чаро аз
овозхонҳо ибрат намегиранд?
Эрод мегиранд, гила мекунанд, ки мо, донишҷӯён, ба театр муҳаббат надорем ва барои дидани намоишҳои он намеравем. Агар ин ҳақиқат дорад, чаро аҳли эҷод, кормандони театр барои рафъи ин камбудӣ саривақт чораҳо намеандешанд? Муҳаббати ин даргоҳи олии ҳунар ҳаргиз дар ҳеҷ замон худ ба худ пайдо нашудааст. Баръакс барои он пайваста фаъолият менамуданд, фаъолияти пурсамар. Мо пурсиданием, ки ҳунармандони кадом театри кишвар бо мо вохӯрӣ гузаронидаанд? Ва аз ҳаёти мо, донишҷӯён, оё театрҳо намоишҳои ҷолибе доранд? Чаро бовар кардан намехоҳанд, ки театрҳо аз зиндагии мо, дунёи мо фарсахҳо дур шудаанд? Бояд ҳам бигӯем, ки масъулони ин даргоҳ намоишҳояшонро дар миёни мардум тарғиб карда наметавонанд. На танҳо аз мо, донишҷӯён, балки агар аз аксари сокинони пойтахт бипурсед, ки кадом театр рӯзҳои наздик кадом намоишро пешкаши тамошобинон гардонданист, ба ростӣ, посухи мусбат дода наметавонанд. Чаро барои рафъи ин норасоӣ аз овозхонҳо ибрат намегиранд?
Н. ДАЛЕР, С. ҲАМРОҲ,
донишҷӯён, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3243