номаҳо
Ташаббуси
имомхатибонро
дастгирӣ мекунем
Муроҷиат ва иқдоми имомхатибони масҷидҳои ҷомеи ноҳияи Рӯдакӣ 13 январи соли равон дар гӯшаи «Розу ниёз»-и рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расид. Онҳо барои боло рафтани худшиносии миллӣ, ифтихори ватандории шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла навишта буданд, ки бахшида ба таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам (р) дар покизагии дину мазҳаб аз равияву ҷараёнҳои номатлуб саъю кӯшиши беҳтару бештар хоҳанд кард.
Мо, имомхатибони масҷидҳои панҷвақтаи ноҳияи Восеъ, чанд рӯз пеш ҷамъ омадем ва бо баррасии матлаби мазкур ин амали онҳоро шоистаи таҳсин дарёфтем. Аз ин рӯ мақсад гузоштем, ки бо тартиб додани нақшаи чорабинӣ фаъолияти пурсамарро ба роҳ мемонем. Имрӯз ҳар шахси солимфикр бояд биандешад, ки гаравидан ба равияҳои номатлуб ба якпорчагии миллату ободию давлати соҳибистиқлоламон хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.
Ҳамзамон бо дарки масъулияти зиёд имомхатибони дигар шаҳру ноҳияҳоро даъват мекунем, ки барои дастгирии ин муроҷиат ва ташаббус камари ҳиммат бибанданд.
Имомхатибони масоҷиди панҷвақтаи ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3585