номаҳо
Ба доди мо бирасед!
Соли гузашта ба зироати мо малах ҳуҷум овард. Дар натиҷа ҳосил гирифта натавонистем. Моҳи октябр, мо, ҷабрдидагони ин офати табииро, номнавис карданд ва гуфтанд, ки ёрӣ мерасонем.
14 январи соли равон ин ёрӣ, ки интизорашро доштем, омад. Аммо, чӣ мегӯед, ки аз он боз ҳамон «зӯрон» ва «эътибордоштагон»-и маҳалла баҳравар гардиданд. Камбизоатон, бемордорон, ятимдоштагонро ин «ёрӣ» насиб нашуд. Ҳатто ба онҳо эътибор ҳам надоданд. Албатта, ин беадолатӣ моро бетараф нагузошт ва маҷбур шудем, ки ба гӯшаи «Розу ниёз»-и рӯзномаи «Ҷумҳурият» бинависем. Бовар дорем, ки бо дарёфти ин ҳақиқат ба доди мардуми бечора мерасанд.
С. АЗИЗОВА, З. ЮСУФОВА,
А. ХОҶАНАЗАРОВА,
С. ЭШМАТОВА,
С. ҲАЙБУЛЛОЕВА,
ҷамъ 15 имзо, маҳаллаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3201