logo

маориф

«МАКТАБҶАНГ»: КӢ ГУНАҲГОР?

Ҳарчанд ашхоси нуктафаҳм «Хабари нохушро то тавонӣ, дертар расон» гӯянд ҳам, имрӯз он зуд паҳн шуда, инсонҳоро андӯҳгин месозад. Яке аз ин хабарҳои шум, воқеаи рӯзи 17 феврал дар кӯчаи Маяковскийи шаҳри Душанбе рух дода аст. Ду гурӯҳ  хонандагони мактабҳои № 59 ва 32-и ин маҳалла бо ҳам занозанӣ карда, чанд нафар аз онҳо ҷароҳат бардоштааст. Нафаре аз онҳо бо зарби чанд корд дар беморхона бистарист. Шаш нафар иштирокчии ин ҳодиса аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуда, мавриди пурсиш қарор доранд.
Ин воқеаи нохушро аз рӯзномае мутолиа намудаму суҳбати телефонии қариб як сол пеши як марде дар дафтари идора ба ёдам омад. Он мард ба шахси ҳамсуҳбати худ аз кӯчаи Маяковский чанд бор ёдовар шуда, афсӯс мехӯрд, ки бача ҳайф шуд. Мард ба ҳамсуҳбаташ ҳикоят мекард, ки писари як дӯсташро дар рӯзи рӯшан, 50 метр дуртар аз мактаб куштанду дар ҷанозааш будааст. Падари марҳум чунон мегирист, ки моро ҳам гирён кард. Чанд хонанда писари мактабхонашро доштаанду як нафари дигар ба қафаси синаи ӯ задаст. Як ронандаи таксиро хоҳиш кардаанд, ки маҷруҳро ба беморхона барад, аммо ӯ «дар бало мемонам», гуфта хоҳиши онҳоро рад кардааст. То ба беморхона расондан хуни бисёр рехта, писарбача дар он ҷо фавтидааст. Мард мегуфт, ки агар сари вақт ба беморхона мебурданд, шояд зинда мемонд. Як писари 16-сола гуле аз зиндагӣ начида, умраш хазон шуд.
Чӣ бояд кард, чӣ чора бояд андешид, ки пеши роҳи ин гуна ҳодисаҳо гирифта шавад? Ба ин амали нангини ҷомеа кӣ гунаҳгор аст? Агар холисона бигӯем,  мо ҳама, аз ҳар хонадон сар карда, то мактабу мақомоти кафили амнияти шаҳрвандон гунаҳгорем. Ба ин амал он наврасу ҷавононе даст мезананд, ки падару модарон бобати дар куҷо ва ба чӣ кор машғул будани фарзандонашон бепарвоянд. Назорату  насиҳат нест, таъкиду сиёсати волидайн суст аст. Дар мактаб ҳам иллати авбошии хонандагонро бори дӯши падару модар мекунанд, ки ин ҳам дуруст нест. Агар вазифаи мактаб фақат таълим мебуд, муаллимро тарбиятгари насли наврас гуфтан мантиқ надошт. Пас чаро таълиму тарбия мегӯем? Алоқаи тавъами оилаю мактаб ки нест, натиҷааш чунин хоҳад шуд. Дарсҳои тарбиявӣ ҳам, ки сар сарӣ мегузаранд, чандон асар надоранд. Ку муаллимҳои ҷоннисору сарсупурда, ки ба манзили чунин хонандаҳои гарданшах  рафта, бо волидайни онҳо роҳи дурусти тарбияро пайдо кунанд? Талаба ҳам талабаи пешин нест, ки насиҳатро гӯш кунад.
Чаро нозирони минтақавӣ, ки аз авзои маҳали зери назари худ бояд бохабар бошанд, ин ҳодисаро пешгирӣ накарданд? Агар кормандони милитсияе, ки шумораашон чандон кам нест, тибқи талаботи қонун хизмат кунанд, чунин ҳодисаҳо рух намедиҳанд. Рух диҳанд ҳам, пешгирӣ мешаванд.
Мегӯянд, ки ҳар инсон дар тӯли зиндагии худ бояд се кори хайр: манзиле  бунёд кунад, ниҳоле парвариш намояд ва фарзанде ба воя расонад.
Хуб, фарз кардем, хонаи бароҳат дорем, ниҳол ҳам парвариш карда онро боровар намудаем. Агар фарзанди худро солеҳ ба воя нарасонда бошем, ӯ ноқобилу шӯрапушт бошад, ин манзили озодаю боғу бӯстон ба кӣ даркор аст? Оё бовар дорем, ки ин хона ободу ин боғ боровар хоҳад монд?

У. МУРОД, «Ҷумҳурият»   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2014    №: 41    Мутолиа карданд: 1600
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед