мулоқотҳо
КОНСЕПСИЯИ ПЕШРАФТИ ИННОВАТСИОНИИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТӢ ТАСДИҚ ШУД
26 феврал таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғоз масъалаи кадрҳо баррасӣ ёфт. Зимни он ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсати Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» тасдиқ карда шуд.
Сипас ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯйи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ дар ҳолати то якуми январи соли 2014 шунида шуд. Тавре зикр гардид, ҳудуди Тоҷикистон аз 14 миллиону 255,4 ҳазор гектар иборат буда, аз он 750 ҳазор га замини обӣ аст. Ҳаҷми заминҳои обӣ дар як соли охир 339 га зиёд шудааст. Ҳамзамон заминҳои корами обӣ 3095 га кам шуда, майдони боғҳои бисёрсолаи обӣ 4110 га афзудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси дубора ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 15 ҳазор га заминҳои партов ва аз худ намудани заминҳои нави корам тавассути обёрӣ кардани онҳо ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.
Комиссияи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таҳти раёсати муовини сарвазир Марҳабо Ҷабборӣ таъсис дода шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳа бори дигар дастур дод, ки роҳу усулҳои ғайриқонунии ба хизмати ҳарбӣ даъват намудани ҷавонон комилан аз байн бурда шавад. Таъкид гардид, ки барои бо сифати баланд анҷом додани тадбирҳои даъватӣ аз усули тарғибу ташвиқ ва тарбияи ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносии ҷавонон васеъ истифода карда шавад.
Лоиҳаи чанд қонун доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯй”, “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятӣ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Консепсияи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин консепсияро санади муҳим ва мутобиқ ба талаби замон номида, масъулони соҳаро ба татбиқи босамари он, аз ҷумла истифодаи васеъ аз дастовардҳои илму техникаи муосири кишоварзӣ ҳидоят намуд.
Сохтори нав ва низомномаи як қатор вазорату идораҳо тасдиқ шуданд.
Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Сарбанд барои тақсим намудан ба аҳолии ниёзманд барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ 60 га замин ҷудо гашт.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба суръат бахшидан ба киштукори баҳорӣ ва ниҳолшинонӣ, омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва ҳамчунин кушодани гузаргоҳ ва бозори наздисарҳадии миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастуру ҳидоятҳо дод.
Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба таҷлили Рӯзи модар ва истиқболи шоиста аз ҷашни байналмилалии Наврӯз дода шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки доир ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва моликияти давлатӣ тадбирҳои муассир амалӣ шаванд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.02.2014 №: 42 Мутолиа карданд: 1417