порлумон
МУОВИНОНИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ИНТИХОБ ШУДАНД
Дар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, баргузор гардид, 36 масъала, аз ҷумла 16 лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллӣ баррасӣ шуд.
Мувофиқи қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ муовини аввал ва раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшедов муовини Раиси Маҷлиси миллӣ, раиси Акдемияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология интихоб шуданд. Ҳамчунин Амирзода Раҳмоналӣ, Табарзода Бобоалӣ, раиси шаҳри Турсунзода, Саидбурҳон Абдураҳимзода, раиси ноҳияи Дарвоз, Имомёрбек Қаландарбеков, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Усмон Сабзов, раиси ноҳияи Ҳисор, Худоёр Худоёров, собиқ муовини вазири нақлиёт, Хайрулло Сафаров, собиқ раиси шаҳри Норак, Рустам Латифов, раиси ноҳияи Восеъ, Абдуғаффор Раҳмонов, раиси шаҳри Кӯлоб ба узвияти кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуданд.
Амирзода Раҳмоналӣ, Имомёрбек Қаландарбеков ва Усмон Сабзов дар як вақт узви Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати дастур интихоб гардиданд.
Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид шудааст, ҷонибдорӣ намуданд.
Ҳамчунин лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани М. Саидов» ба тасвиб расид.
Дар поёни иҷлосия ҳисоботи Салимзода Шерхони Одина, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013» шунида шуд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.03.2014 №: 43 Мутолиа карданд: 1650