мулоқотҳо
БОРИС КОВАЛЧУК ДАР ҲУЗУРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
27 феврал Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Идораи ширкати «Интер РАО ЕЭС» - и Федератсияи Русия Борис Ковалчукро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи энергетикаи обӣ баррасӣ шуданд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба фаъолияти неругоҳи «Сангтӯда -1» ва роҳҳои пардохти қарзи ширкати «Барқи тоҷик» дар назди ин иншооти гидроэнергетикӣ зоҳир гардид.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба дигар масоили ҳамкорӣ, аз ҷумла барои сохтмони дигар иншооти энергетикӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.03.2014 №: 43 Мутолиа карданд: 1320