сафарҳо
БОҒИ «СЕҲАЗОРСОЛАГИИ ҲИСОР» БУНЁД МЕЁБАД
1 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор ба бунёди боғи «Сеҳазорсолагии Ҳисор» оғоз бахшид.
Барои иштирок дар шинондани нахустин ниҳолҳои боғи «Сеҳазорсолагии Ҳисор», ки дар майдони 3 ҳазор га доман паҳн хоҳад кард, дар мавзеи миёни боғи «15 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» ва деҳаи навбунёди «Боғистон» ҳазорон нафар сокинони ноҳияҳои водии Ҳисор ҷамъ омаданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи оғози ниҳолшинонӣ нахуст бо самараи кори хоҷагиҳои ниҳолпарварии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бевосита шинос шуда, аз дастгирии васеъ пайдо намудани ташаббусҳои худ доир ба ривоҷ додани боғутокпарварӣ ва аз ин ҳисоб афзун намудани қудрати содиротии Тоҷикистон арзи хушнудӣ намуд.
Тавре зикр гардид, рушду нумуи бесобиқаи боғутокпарварӣ дар тамоми гӯшаю канори кишвар натиҷаи иҷрои босамари дастуру ҳидоятҳои дурандешонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст.
Имсол ниҳолпарварони ҷумҳурӣ даҳҳо миллион навниҳоли дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ ба фурӯш баровардаанд. Танҳо аз хоҷагии ҷангали кишвар дар ин мавсим то имрӯз аллакай 1,5 миллион дона навниҳол ба фурӯш рафтааст. Аз гузориши масъулон бармеояд, ки нишондиҳандаҳои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010 - 2014» пеш аз муҳлат ва барзиёд иҷро мегарданд. Тибқи талаботи ин санад бояд дар майдони 50 ҳазор га дар ҷумҳурӣ боғу токзори нав бунёд ёбад.
Ба масъулони соҳа ва роҳбарони хоҷагиҳои ниҳолпарвар дастур дода шуд, ки парвариши ниҳолҳои ангури кишмиш, олуи сиёҳ ва дигар навъҳои содиротии дарахтони мевагиро афзун намоянд.
Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо ҳазорон нафар дӯстдорони шуғли ниҳолпарварию боғдорӣ нахустин ниҳолҳои боғи нави «Сеҳазорсолагии Ҳисор»-ро шинонда, изҳори боварӣ намуданд, ки танҳо аз ҳисоби содироти меваю сабзавоти тару тоза, хушк ва консервшуда ояндаи наздик қудрати содиротии Тоҷикистон хеле афзун гардида, ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад. Бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боғи «Сеҳазорсолагии Ҳисор» бояд дар давоми 6 сол дар майдони 3 ҳазор га бунёд ёбад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои водӣ дастур дод, ки дар тамоми мавзеъҳои ба ин кор мувофиқи қад - қади қаторкӯҳҳои Ҳисор аз шаҳри Душанбе то шаҳри Турсунзода боғҳои намунавӣ бо дарахтони мевадиҳандаи навъҳои содиротӣ бунёд намоянд. Таъкид гардид, ки обу хок ва ҳавои ин мавзеъҳо барои боғутокпарварӣ басо мусоиду мувофиқ аст. Ба онҳо супориш дода шуд, ки бо истифода аз ҳар рӯзи офтобӣ мардумро ба вусъати киштукори баҳорӣ ва ниҳолшинонию ободонии муҳити зист сафарбар намоянд. Супоришҳои мушаххас ба онҳо доир ба бунёди корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, дигар корхонаҳои саноатӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои корӣ дода шуд.
Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзеъ чанд ниҳоли бузургҷуссаи дарозумри сояафкан шинонда шуд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо бо кӯдакони деҳаи «Боғистон» ҳамсуҳбат намуд. Мактаби ин деҳаи навбунёд нуҳсола аст ва хонандагони синфҳои болоӣ барои идомаи таҳсил ба дигар ҷойҳо мераванд. Сарвари давлат ба онҳо мужда расонд, ки ояндаи наздик ин деҳа соҳиби мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳам бунгоҳи муосири тиббӣ хоҳад шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.03.2014 №: 43 Мутолиа карданд: 1600