барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ
3 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли андуҳу ғазаб хабари ҳамлаи ғаддоронаи террористиро ба шаҳрвандони бегуноҳи Чин дар истгоҳи роҳи оҳани Кунмин, ки дар натиҷаи он теъдоди зиёди одамон ҳалоку маҷрӯҳ шуданд, дарёфт намудам.
Ин фоҷеа бори дигар собит месозад, ки муборизаи беамон бо ин зуҳуроти манфур – терроризм имрӯз вазифаи муҳимтарин ва муштараки кулли инсоният гаштааст. Мо дар Тоҷикистон омодаем, ки дар ҳамдастӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаи ҷидду ҷаҳдро ба харҷ диҳем, то ин балоро решакан намоем.
Хоҳишмандам, ҷаноби Раис ҳамдардии самимона ва амиқи моро бо сабаби ин фоҷеа қабул намуда, ба наздикону хешовандони қурбоншудагон бирасонед. Мо ба дарди Шумо шарик ҳастем».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.03.2014 №: 43 Мутолиа карданд: 1438