мулоқотҳо
ҚАБУЛИ ЭЪТИМОДНОМА АЗ САФИРОНИ НАВ
6 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъйини 11 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд.
Ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Туркманистон - Ишанкули Аманлиев, Куба - Карлос Энрике Валдес Де Ла Консепсион, Ҷумҳурии Сербия - Славенко Терзич, Амороти Муттаҳидаи Араб - Суҳайл Матар Саид ал - Катбӣ, Ҷумҳурии Корея - Ли Ук - Хен, Ҷумҳурии Словакия - Павол Иван, Давлати Фаластин - Муҳаммад Абдулло Таршаҳанӣ, Ҷумҳурии Мисри Араб - Муҳаммад Абдусаттор ал - Бадрӣ, Ҷумҳурии Судон - Муҳаммад Илёс Муҳаммад ал - Ҳаҷ, Ҷумҳурии Кипр - Георгиос Касулидис ва Гурҷистон - Константин Жгенти эътимодномаҳои худро тақдим намуданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сафирони тозатаъйинро бо оғози фаъолияти дипломатиашон дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, изҳори итминон намуд, ки онҳо ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанба мусоидати фаъол хоҳанд кард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 7.03.2014 №: 46 Мутолиа карданд: 1354