logo

энергетика

ТАҲЛИЛГАРИ МАСЪАЛАҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ

Пардаи шаб кайҳо рӯи заминро пӯшонда, аз рӯз осоре намонда буд. Раъд якранг наъра мекашид ва барқ ба олами зулмот нурафканӣ мекард. Аз паси шишаҳои кабуди ин бино ғайр аз утоқи хурдакаки ӯ дигар чароғи фурӯзоне ба чашм намерасид. Ҳамагӣ корро ҷамъбаст кардаанд. Аммо ӯ ҳануз ҳам сари миз ҳуҷҷатҳоро аз назар мегузаронд. Даруни утоқ сукути гароне ҳукм меронд. Гоҳ - гоҳ хиш-хиши қаламронии ӯ ин хомуширо мешикаст. Қаровули миёнасол як - як утоқҳоро аз назар мегузаронд. Утоқе, ки чароғаш фурӯзон буд, ӯро дар ҳайрат нагузошт, зеро ҳар шаб шоҳиди чунин ҳол буд.
Қаҳрамони имрӯзаи мо зан аст. Зане, ки кори мардона карда. Ин зан Назира Рустамова аст, ки 34 сол боз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият дорад. Ӯ соли 1954 дар оилаи донишманд таваллуд шудааст. Замоне, ки дар ин даргоҳ ба фаъолият оғоз намуд, замони гурез аз мансабу курсӣ буд, яъне барои як идда афроди солҳои 90 на шуҳрат, балки зистан зарур буд. Бо вуҷуди ин ҳама Назира Рустамова чун Гурдофарид бар муқобили тиру туфанги рӯзгори он замон истодагарӣ карда тавонист. На, манзури мо танҳо он нест, ки қаҳрамонии ӯро дар ин ё он замон нишон диҳем. Кас ба ҳайрат меояд, ки чигуна як зан тавонист миёни обу оташи рӯзгори худ тарҳи сулҳ андозад.
 Падари ӯ файласуф ва модараш донишгоҳи Самарқандро хатм намуда, муаллимаи таърих кор кард. Ҳарду ба тарбияи маънавии ӯ диққати ҷиддӣ медоданд. Ин буд, ки Назира Рустамова соли 1976 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникӣ) - ро бо ихтисоси энергетик хатм намуд. Фаъолияти ӯ ҳамчун мутахассис аз замони ба ин марказ омаданаш оғоз гардид. Аз он замон то имрӯз ӯ худро ҳамчун мутахассис –таҳлилгари масоили энергетикӣ муаррифӣ кардааст. Ин аст, ки номбурда имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамчун шахси меҳнатдӯст шинохта шуда, муаллифи як қатор тадқиқот оид ба масъалаҳои иқтисодист. Дар самтҳои муҳимтарини барномаҳои инкишофи комплекси сузишворӣ – энергетикӣ, барномаҳои сарфакорӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои сӯзишворӣ – энергетикӣ маҳорати касбии худро нишон дода, дар пиёдасозии онҳо низ комёб гардидааст. Зиёда аз ин дар барномае бо номи «Тарҳи инкишоф ва ҷобаҷо кардани қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон» дар ҳамдастӣ бо олимони соҳа ширкат варзида, сатҳи дониши касбии худро баланд бардоштааст. Таи чанд соли охир Назира Рустамова роҳбари бахшҳои муҳими марказ, аз ҷумла шуъбаи тадқиқоти проблемаҳои рушди саноат ва тадқиқоти макроиқтисодиро ба уҳда дошт. Ин пайраҳаро бомуваффақият тай намуда, имрӯз ба ҳайси муовини сардори раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаъолият дорад.
Назира Рустамова тӯли ин солҳо шогирдони зиёдеро дар ин ҷода тайёр кардааст. Ӯ сарфароз аз он аст, ки имрӯз шогирдонаш дар самтҳои мухталиф кору фаъолият доранд. Дар  фаъолияти илмии ӯ масоили инкишофи саноат ва энергетика, таъмини амнияти обӣ - энергетикии Тоҷикистони соҳибистиқлол мавқеи муҳим доранд.
Имрӯз Назира Рустамова гурӯҳи муҳаққиқонеро, ки омӯзиши масоили инкишофи иқтисодиёт, саноат, комплекси сӯзишворӣ - энергетикӣ ва роҳҳои самаранок истифодабарии захираҳои табииро пайгирӣ менамояд, роҳбарӣ мекунад. Нақши ӯ дар омодасозии тақризу пешниҳодҳо, тафсирҳо ба барномаҳои ҳуҷҷатҳои ҳукуматӣ, аз ҷумла оид ба консепсияи инкишофи энергетика, захираҳои оби ҷумҳурӣ ва умуман минтақаи Осиёи Марказӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», «Дар бораи сарфаҷӯии энергия», консепсияи «Инкишофи сохтори идоракунӣ» низ ба назар мерасад.
Бузурге гуфтааст, ки модарон пайғамбар нестанд, аммо тамоми пайғамбарон аз онҳо таваллуд шудаанд. Ӯ на танҳо дар соҳаи худ муваффақ шудааст, балки дар оила зан ва модари хуби хонадон аст. Назира Рустамова занест, болотар аз мақоми як зани оддӣ, зеро ӯ дар пешрафти соҳаи иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда дорад.

Нигинаи РАҲМОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2014    №: 49    Мутолиа карданд: 12137
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед