барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ
9 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷалолатмаоби муҳтарам,
Ба камоли ғуссаву ғам ва андӯҳи фаровон хабари даргузашти давлатмарди бузурги Афғонистони муосир, муовини аввали Раисҷумҳури кишвар, маршал Муҳаммадқасим Фаҳимро дарёфт намудам.
Шодравон Фаҳимхон аз шахсиятҳои бузурги таърихи навини Афғонистони мубориз буд ва дар сафҳои аввали ҷиҳод ва муқовимати мардуми қаҳрамони кишвар қарор дошт. Ширкати марҳум дар раванди эҳёи муҷаддади ҳамсоякишвари мо аз саҳми боризи ӯ дар пайкори озодӣ камтар набуд. Дар зеҳни тоҷикистониён ӯ ҳамеша чун дӯсти ҷонӣ, саҳмгузори тақвияти риштаҳои ногусастании дӯстии мардумони ду кишвар нақш бастааст. Ин аст, ки ёди поки ин марди некниҳоду нексиришт аз дилу дидаҳои ҳамаи онҳое, ки ӯро мешинохтанду аз наздик медонистанд, зудуда нахоҳад шуд.
Дар ин лаҳзаҳои сангин, ки мардуми Афғонистон талафоти ҷуброннопазире дидааст, хоҳишмандам таъзия ва тасаллияти амиқу самимии инҷониб ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро қабул фармоед. Ба хонаводаи шарифи шодравон, ёрону ҳамсангаронаш, тамоми аҳли ҷиҳоду муқовимат ва ҳамаи мардуми бародари Афғонистон расонидани ҳамдардии мо лутфи Шумо хоҳад буд.
Парвардигор марҳумро ғариқаи раҳмат ва шоистаи ҷаннат гардонад. Маъвои охираташ пурнур бод!
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.03.2014 №: 49 Мутолиа карданд: 1413