порлумон
ҚОНУНҲО ДАР ТАҲРИРИ НАВ БА ТАСВИБ РАСИДАНД
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, гузашт, лоиҳаи ду қонун дар таҳрири нав ба тасвиб расид. Ҳамчунин ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» тағйиру иловаҳо ворид гардид.
ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИИ НАВ ДАР САМТИ ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРӢ
Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» иброз дошт, ки баъд аз қабули қонуни амалкунанда, аз 10 майи соли 2002, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул ва ислоҳоти иқтисодӣ гузаронда шуданд.
Аз ҷумла қабул гардидани як қатор қонунҳо «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ва кодексҳои андоз ва гумруки ҷумҳурӣ дар таҳрири нав заминаҳои ҳуқуқии навро дар самти дастгирии давлатии соҳибкорӣ фароҳам овард. Ислоҳоти иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили «Бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» тариқи равзанаи ягона, ташаккули низоми иҷозатдиҳӣ, амалӣ намудани механизми шарикии давлат, бахши хусусӣ ва муколамаи он роҳандозӣ гардида, татбиқи босамари барномаҳои қабулгардида бомаром идома доранд.
Ба гуфтаи мавсуф, таъсиси Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, қабул гардидани «Барномаҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020» тақозо менамояд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгири давлатии соҳибкорӣ» бо назардошти талаботи муосир дар таҳрири нав қабул карда шавад.
Қодири Қосим зикр кард, ки ин масъала аз ҷониби Президенти мамлакат дар Паёми соли 2012 матраҳ шуда буд. Дар ин асос ба мақсади беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ, сармоягузорӣ дар баробари амалӣ намудани ислоҳот ҷиҳати мутобиқ намудани заминаи ҳуқуқии дастгирии соҳибкорӣ ба талаботи муосир, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав бо иштироки бахши хусусӣ таҳия ва пешниҳод гардид. Мақсади асосии таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур аз такмили қонунгузорӣ барои дастгирии воқеии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ҷиҳати рушди босуботи соҳибкорӣ ва мутобиқгардонии меъёрҳои он бо қонунгузории мавҷуда мебошад. Дар лоиҳаи қонун нисбат ба қонуни амалкунанда як қатор афзалиятҳо пешбинӣ гардидаанд. Фароҳам овардани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои таъсиси бизнеси куваторҳо ва фонди дастгирии давлатии соҳибкорӣ, муайян намудани ҳаҷми маблағҳои буҷети давлатӣ барои татбиқи барномаҳои давлатии соҳибкорӣ, афзалияти асосӣ дар самти ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ буда, дар натиҷа субъектҳои соҳибкорӣ барои беҳтар кардани фаъолият саҳмгузор мешаванд.
Назар ба гуфтаи раиси кумита, лоиҳаи қонун пурра ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ба талаботи Созмони ҷаҳонии савдо, ки Тоҷикистон узви он аст, мутобиқ мебошад.
СИРРИ ДАВЛАТӢ ВА АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ҲИФЗИ ОН МУАЙЯН ШУД
Саттор Холов, вакили порлумон, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» гуфт, ки қонуни амалкунанда соли 2003 қабул шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкур ба мақсади такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ва мутобиқ намудани он ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва забони давлатӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи мазкур асосҳои ҳуқуқии ҳифзи сирри давлатиро муайян намуда, дар тафовут аз санадҳои қонунгузории зикршуда як қатор навгониҳо дорад. Аз ҷумла дар боби якум мафҳумҳои асосӣ пурра гардида, 60 мафҳуми нав васеъ шарҳ дода шудааст.
Усмон Авазов, муовини аввали сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки дар лоиҳаи қонуни мазкур аз моддаи 6 то 12 салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ба таври мушаххас баён шудааст.
Лоиҳаи қонун аз 10 боб ва 56 модда иборат аст.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.03.2014 №: 53 Мутолиа карданд: 1507