logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ
МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815; мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159; №7-8, мод. 609; с. 2012, №4, мод. 259; №7, мод. 714; №8, мод. 815; №12, қ. 1, мод. 1020; мод. 1025; с. 2013, №7, мод. 510;  мод. 511), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Кодекс калимаҳои «фамилия» ва «фамилияи» мувофиқан ба калимаҳои «насаб» ва «насаби» иваз карда шаванд.
2. Ба қисми 3 моддаи 18 пас аз калимаҳои «дода мешаванд, бояд» калимаҳои «ба таври дахлдор тасдиқ карда шуда,» илова карда шаванд.
3. Дар сархати понздаҳуми моддаи 35 калимаҳои «Кодекси мазкур» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
4. Дар сархати чоруми қисми 3 моддаи 78 калимаҳои «пул ва дигар ашёи қиматноке, ки бо роҳи ҷинояткорӣ ба даст оварда шудаанд» ба калимаҳои «даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда, сарфи назар аз он, ки қонунигардонӣ (расмикунонӣ) шудаанд» иваз карда шаванд.
5. Дар қисми 5 моддаи 164 калимаҳои «, гарнизони ҳарбӣ» хориҷ карда, пас аз калимаҳои «то шаш моҳ, аз тарафи» калимаҳои «Сарпрокурори ҳарбӣ,» илова карда шаванд.
6. Дар қисми 2 моддаи 235 калимаҳои «фамилия ва вазифаи» ба калимаҳои «насаб, ном, номи падар ва вазифаи» иваз карда шаванд.
7. Дар  моддаи 248:
- матни модда қисми 1 дониста шуда, пеш аз калимаи «Прокурор» рақами «1.» илова карда шавад;
- ба модда қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда фикри айбдоркунии парвандаҳои ҷиноятиро, ба истиснои парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳое, ки барои онҳо дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ё ҷазои қатл пешбинӣ шудааст, аз рӯи тобеият тасдиқ мекунанд. Фикри айбдоркунии парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳое, ки барои онҳо дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ё ҷазои қатл пешбинӣ шудааст, аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ва муовинони онҳо аз рӯи тобеият тасдиқ карда мешавад.».
8. Ба моддаи 350 пас аз калимаҳои «нусхаи ҳукм ба» калимаҳои «айбдоркунандаи давлатӣ,» илова карда шаванд.
9. Аз қисми 2 моддаи 363 калимаҳои «интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ,» хориҷ карда шаванд.
10. Дар қисми 1 моддаи 409 калимаҳои «баррасӣ намудани масъалаи пешниҳоди эътирози назоратӣ» ба калимаҳои «омӯзиши асоснокии қарорҳои судӣ» иваз карда шаванд.
11. Ба сархати дуюми қисми 1 моддаи 421 пас аз калимаҳои «суди шаҳри Душанбе» калимаҳои «, судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 14 марти соли 2014, № 1067


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2013, № 1345


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба
Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 27 феврали соли 2014, № 653


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2014    №: 54    Мутолиа карданд: 1718
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед