logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  «ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1999 «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 296; с. 2004, №7, мод. 451; с. 2007, №5, мод. 352; с. 2008, №10, мод. 797; с. 2012, №8, мод. 811) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 11 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 11. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.».
2. Дар қисми дуюми моддаи 4, бандҳои 1) ва 14) моддаи 12, қисмҳои дуюм, панҷум ва ҳаштуми моддаи 21, қисми чоруми моддаи 48, қисми сеюми моддаи 54 ва қисми дуюми моддаи 55 калимаи «ҷумҳурӣ» ба калимаҳои «Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 9:
- дар сархати шашуми қисми шашум калимаи «маҳаллӣ» ба калимаҳои «шаҳрак ва деҳот» иваз карда шавад;
- ба қисми ҳафтум баъд аз калимаҳои «зиёд мебошад,» калимаҳои «бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд.
4. Дар моддаи 10:
- дар қисми дуюм калимаҳои «худидораи маҳаллӣ» ба калимаҳои «худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаҳои «меъёрию ҳуқуқииТоҷикистон» ба калимаҳои «меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
5. Дар банди 10) моддаи 12 калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия, мақомоти худидораи маҳаллӣ» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд.
6. Қисми сеюми моддаи 13 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо назардошти таклифҳои сохторҳои маҳаллии ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳудуди ҳавзаи интихобот сурат мегирад.».
7. Дар моддаи 14:
- дар банди 3) калимаҳои «мақомоти ҳокимияти маҳаллии иҷроия» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар банди 15) калимаҳои «меъёрию ҳуқуқии» ба калимаҳои «меъёрии ҳуқуқии» иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 15:
- дар банди 2) калимаҳои «мақомоти ҳокимияти маҳаллии иҷроияро» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро» иваз карда шаванд;
- дар банди 10) калимаҳои «меъёрию ҳуқуқии» ба калимаҳои «меъёрии ҳуқуқии» иваз карда шаванд.
9. Қисми дуюми моддаи 16 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ (минбаъд – намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ) участкаҳои интихобот бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе назардошти талаботи қисмҳои якум, сеюм, панҷум, шашум ва ҳафтуми моддаи 22 Қонуни конститутсионии мазкур ташкил карда шуда, вазифаи раиси комиссияи участкавии интихоботро роҳбари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷӣ иҷро менамояд.».
10. Дар банди 8) моддаи 17 калимаҳои «меъёрию ҳуқуқии» ба калимаҳои «меъёрии ҳуқуқии» иваз карда шаванд.
11. Қисми чоруми моддаи 22 хориҷ карда шавад.
12. Дар моддаи 23:
- дар қисми дуюм калимаҳои «Мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ» ба калимаҳои «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаҳои «ному насаб» ба калимаҳои «насаб, ном ва номи падар» иваз карда шаванд.
13. Аз бандҳои 1) ва 3) қисми чоруми моддаи 24, қисми чоруми моддаи 30 ва қисми дуюми моддаи 32 калимаҳои «(ба истиснои шаҳрҳои тобеи ноҳияҳо)» хориҷ карда шаванд.
14. Дар моддаи 29:
- дар қисми сеюм калимаи «маҳаллӣ» ба калимаҳои «маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шавад;
- дар қисми ҳафтум калимаҳои «маҳаллии намояндагӣ» ба калимаҳои «намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
15. Дар моддаи 31:
- дар қисми нуҳум рақами «35» ба рақами «45» иваз карда шавад;
- дар қисми чордаҳум калимаҳои «фамилия, ном, насаби» ба калимаҳои «насаб, ном ва номи падари» иваз карда шаванд.
16. Дар моддаи 32:
- дар қисми сеюм калимаҳои «мақомоти маҳаллии дахлдори намояндагӣ» ба калимаҳои «Маҷлиси дахлдори вакилони халқ» иваз карда шаванд;
- дар қисми чорум калимаҳои «Мақомоти маҳаллии намояндагӣ», «Мақомоти маҳаллии намояндагии» ва «мақомоти маҳаллии намояндагӣ» мувофиқан ба калимаҳои «Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатии» ва «мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
17. Дар қисмҳои якум ва сеюми моддаи 321 рақам ва калимаи «200 (дусад)» ба рақам ва калимаи «100 (сад)» иваз карда шаванд.
18. Дар қисми дуюми моддаи 34 калимаҳои «дигар мақомоти намояндагӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ» ба калимаҳои «мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд.
19. Дар моддаи 35:
- дар банди 1) қисми якум калимаҳои «мақомоти маҳаллии намояндагӣ» ба калимаҳои «мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми ҳаштум калимаҳои «дар маҷмӯъ зиёда аз се фоизро ташкил намояд» ба калимаҳои «боиси аз 500 кам шудани шумораи имзоҳои ҷамъовардашуда мегардад» иваз карда шаванд;
- дар қисми чордаҳум калимаҳои «ному насаб» ба калимаҳои «насаб, ном ва номи падар» иваз карда шаванд.
20. Ҷумлаи чоруми моддаи 36 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Номзад метавонад дар мӯҳлати на дертар аз 7 рӯз то рӯзи интихобот ба комиссияи дахлдори ҳавзавии интихобот ариза навишта, номзадиашро пас гирад.».
21. Дар сархати сеюми қисми панҷуми моддаи 38 калимаҳои «худидораи маҳаллӣ» ба калимаҳои «худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд.
22. Дар моддаи 39:
- дар қисми сеюм калимаҳои «мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд»;
- қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ наметавонанд дар вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон раисӣ кунанд.»;
- дар қисми дувоздаҳум рақамҳои «15» ва «30» мувофиқан ба рақамҳои «20» ва «40» иваз карда шаванд.
23. Дар моддаи 40:
- дар қисми якум калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳалли» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои «дахлдори маҷлисҳои мақомоти маҳаллии намояндагӣ» ба калимаҳои «мақомоти дахлдори намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
24. Ба моддаи 41 қисми панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Дар бюллетенҳои интихобот баъд аз рӯйхати номзадҳо ва рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқан сатри алоҳида бо ифодаи «муқобили ҳамаи номзадҳо» ва «муқобили ҳамаи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ» дарҷ карда мешавад.».
25. Дар моддаи 42:
- дар қисми шашум калимаҳои «ному насаби» ба калимаҳои «насаб, ном ва номи падари» иваз карда шаванд;
- ҷумлаи дуюми қисми ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Интихобкунанда дар бюллетени интихобот дар квадрати холӣ, дар муқобили насаб, ном ва номи падари номзад ё ҳизби сиёсие, ки ба тарафдориашон овоз медиҳад, аломати ҷамъ «+» мегузорад.»;
- қисми нуҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Дар мавриди зидди ҳамаи номзадҳо ва рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ овоз додан, интихобкунанда дар бюллетени интихобот дар квадрати холии сатрҳои «муқобили ҳамаи номзадҳо» ва «муқобили ҳамаи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ» аломати ҷамъ «+» мегузорад.».
26. Дар моддаи 43:
- ба қисми якум баъд аз калимаи «намояндагии» калимаҳои «ҳокимияти давлатии» илова карда шаванд;
- дар қисмҳои сеюм ва шашум калимаҳои «мақомоти намояндагии маҳаллӣ», «мақомоти маҳаллии намояндагӣ», «мақомоти дахлдори маҳаллии намояндагӣ» ба калимаҳои «мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
27. Дар қисми сеюми моддаи 44, сархати дуюми қисми ёздаҳуми моддаи 48 калимаҳои «ному насаби» ба калимаҳои «насаб, ном ва номи падари» иваз карда шаванд.
28. Дар моддаи 45:
- дар зербанди д) банди 5) қисми якум калимаҳои «мақомоти маҳаллии намояндагӣ» ба калимаҳои «мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар банди а) қисми дуюм калимаҳои «ному насаби» ба калимаҳои «насаб, ном ва номи падари» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 марти соли 2014, № 1065

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
  
Раиси Маҷлиси намояндагониМаҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 25 феврали соли 2014 № 1436 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии МаҷлисиОлии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 27 феврали соли 2014, № 651


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2014    №: 54    Мутолиа карданд: 1974
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед