қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАР ХУСУСИ АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
ДАР ХУСУСИ АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, № 1, мод.1; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон, с. 2004, № 2, мод. 35; с. 2007, №7, мод. 677) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 марти соли 2014, № 1077
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
2. Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба мавқеи иҷро гузоштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 27 декабри соли 1993, №870, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2003, №985, 20 июни соли 2007, №685 (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №1-2, мод.2; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2003, №11, мод.598; соли 2007, №6, мод.519) аз эътибор соқит дониста шаванд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 22 январи соли 2014, № 1415
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 27 феврали соли 2014, № 663
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.03.2014 №: 55 Мутолиа карданд: 1646