logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШӢ»

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 3, мод. 186) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 2:
- аз сархати сеюм калимаҳои «тибқи шартномаи хизматрасонӣ» хориҷ карда шаванд;
- аз сархати ёздаҳум калимаҳои «аз рӯи шартномаи хизматрасонии хӯроки умумӣ» хориҷ карда шаванд;
- дар сархати сездаҳум калимаҳои «шартномаи хизматрасонии маишӣ» ба калимаҳои «шартномаи пудрати маишӣ ё шартномаи хизматрасонии маишии пулакӣ» иваз карда шаванд:
- аз сархати ҳаждаҳум калимаҳои «объекти савдо, ки аз» хориҷ карда шуда, калимаҳои «қисми иморат иборат буда,» ба калимаҳои «қисми иморат, ки » иваз карда шаванд;
- аз сархати нуздаҳум калимаҳои «объекти савдои иборат аз» хориҷ карда шаванд;
- дар сархати бисту шашум калимаҳои «ҷойҳои савдоро ҷудо намуда, феҳристи фурӯшандаҳоро дар бозор ва феҳристи шартномаҳоро дар бораи пешниҳоди ҷойҳои савдо» ба калимаҳои «ҷойҳои савдо ва хизматрасонии маиширо ҷудо намуда, феҳристи фурӯшандаҳои бозор ва феҳристи шартномаҳоро дар бораи пешниҳоди ҷойҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ» иваз карда шаванд;
- сархати сиюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- феҳристи шартномаҳо дар бораи пешниҳоди ҷойҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ – номгӯи маълумот оид ба фурӯшандаҳо, пудратчиҳо ва иҷрокунандагон тибқи шартномаи басташуда бо маъмурияти бозор.».
2. Дар сархати панҷуми моддаи 5 калимаи «бамеъёргирии» ба калимаи «бамеъёрдарории» иваз карда шавад.
3. Сархати дуюми моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- таҳия ва тасдиқ намудани консепсия ва дурнамои давлатӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронида шудаанд;».
4. Дар моддаи 8:
 - сархати ҳафтум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- муқаррар намудани тартиби ҷойгиркунонии объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ бо назардошти шароити маҳал мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;»;
- сархати ҳаштум бо мазмуни  зерин илова карда шавад:
«- муқаррар намудани реҷаи кории ташкилоту объектҳои савдо ва хизматрасонии маишии давлатӣ ва мувофиқа намудани реҷаи кории ташкилоту объектҳои савдо ва хизматрасонии маишии ғайридавлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;».
5. Дар моддаи 11:
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон реҷаи кории бозорҳои давлатиро муқаррар ва ғайридавлатиро мувофиқа менамояд.»;
- ба қисми 9 баъд аз калимаи «савдо» калимаҳои «ва хизматрасонии маишӣ» илова карда шаванд.
6. Дар қисми 5 моддаи 13 калимаҳои «хизматрасонии маишӣ» ба калимаҳои «хизматрасонии маишии ғайридавлатӣ» ва калимаи «муқаррар» ба калимаи «мувофиқа» иваз карда шаванд.
7. Ба  моддаи 14 қисми 22 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«22. Ҷойгиркунӣ, фаъолият ва назорати нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ дар бозор тибқи муқаррароти қисмҳои 9-15 ва 18-21 моддаи мазкур ба роҳ монда мешаванд.».
8. Аз сархати якуми қисми 2 ва қисми 4 моддаи 16 калимаи «мӯҳлатноки» хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 марти соли 2014, № 1075

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи савдо
ва хизматрасонии маишӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 22 январи соли 2014, № 1411

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 27 феврали соли 2014, № 661


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.03.2014    №: 55    Мутолиа карданд: 1916
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед