қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ»
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ»
Моддаи 1. Ба моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011 «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, м.169) қисми 11 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«11. Ҳуқуқ, ӯҳдадориҳо ва масъулияти сармуҳосиб тибқи Дастурамали намунавии мансабии сармуҳосиб, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, муайян карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 марти соли 2014, № 1074
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 22 январи соли 2014, № 1409
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 27 феврали соли 2014, № 660
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.03.2014 №: 55 Мутолиа карданд: 2245