сафарҳо
САФАРИ РАСМИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА АФҒОНИСТОН ВА ИШТИРОК ДАР ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ
26 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба панҷумин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбеков, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, вазири нақлиёт Хайрулло Асозода, раиси Кумитаи телевизион ва радио Асадулло Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.03.2014 №: 57 Мутолиа карданд: 1844