сафарҳо
ДЕҲАИ ҲУСЕЙНШАЙХИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА СОҲИБИ МАКТАБИ ЗАМОНАВӢ ШУД
Субҳи 22 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ва такон додани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф овард.
Боздиди корӣ аз деҳаи Ҳусейншайхи Ҷамоати деҳоти Корез бо ифтитоҳи расмии мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз ёфт.
Мардуми деҳа ва хусусан омӯзгорону хонандагон аз мавриди истифода қарор гирифтани мактаби нави замонавӣ басо хушҳол шуданд, зеро то ин вақт дар ин ҷо танҳо мактаби нуҳсола мавҷуд буд ва хонандагони синфҳои болоӣ ба мактаби деҳаи ҳамсоя мерафтанд.
Бунёди ин мактаб соли 2012 оғоз гардида, бо харҷи беш аз 17 миллион сомонӣ барои 1280 хонанда дар ду баст бунёд шудааст ва дорои 22 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, майдони варзишӣ ва устохонаҳои омӯзиши касбу ҳунарҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир мебошад.
Майдони варзишии мактаб, ки аз се қисмат иборат буда, барои бозиҳои футбол, волейболу баскетбол, теннис ва дигар намудҳои варзиш пешбинӣ шудааст, басо зебою матлуб мебошад.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми деҳаи Ҳусейншайхро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, мактаби навро туҳфаи пурарзиши наврӯзӣ номид ва хонандагони онро ба таҳсили хубу аъло, одобу ахлоқи ҳамида ҳидоят намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.03.2014 №: 57 Мутолиа карданд: 1499