сафарҳо
ХУҶАНД. СУБҲ БО ПАРАФШОНИИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ОҒОЗ ЁФТ
Субҳи 2 апрел Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард. Дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти баланд истиқбол гирифтанд.
Боздиди корӣ аз шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд, оғоз ёфт. Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳр нахуст Парчами давлатии Тоҷикистон бар пояи баландиаш 55 метр парафшон карда шуд. Ба фароз бардошта шудани Парчам таҳти садои Суруди миллии Тоҷикистон, ки аз ҷониби гурӯҳи наврасону ҷавонони Хуҷанди бостонӣ зинда суруда шуд, сурат гирифт. Атрофи парчампоя ва роҳравҳо бо санги ороишии гранити сурх ва фаввораҳои зебо оро ёфтаанд.
Бунёди ин парчампоя ва ободонии атрофи он бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ анҷом ёфтааст. Дарозӣ ва паҳнои худи парчам 7х12 метр аст.
Маросими бошукӯҳ бо ҳузури анбӯҳи зиёди мардуми Хуҷандшаҳр ва намояндагони аҳли зиёи вилоят ва маркази ҷумҳурӣ ҷараён гирифт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми вилояти Суғд ва хусусан сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷандро бо ифтитоҳи боз як мавзеи фарҳангӣ ва тамошогоҳи рӯҳнавоз табрику таҳният гуфта, ба рӯзҳои Наврӯзи хуҷаста рост омадани ин рӯйдоди фараҳбахшро фоли нек номид.
Маросими парафшонии Парчами давлатии Тоҷикистон бо намоиши барномаи рангини фарҳангӣ хотима ёфт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.04.2014 №: 61 Мутолиа карданд: 1525