туризм
МАҲАТОН – МУЪҶИЗАИ ТАБИАТ
Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи бепоёни табиӣ, аз ҷумла, захираҳои зиёди намак мебошад. Намаки кӯҳи Хоҷамуъмин бо таъму сифат, мавқеи ҷуғрофӣ ва табиати нотакрори худ мақоми хос дорад. Он дар соҳили чапи дарёи Ёхсу воқеъ гардидаст. Сохти кӯҳ ба занбӯруғи азим шабоҳат дошта, гунбазаш дар рӯи замин ва пояаш дар зери он ҷойгир аст. Умқи кӯҳ то ҳол тадқиқ нашудааст.
Номи кӯҳ - Хоҷамуъмин нисбатан нав аст. То ҳудуди Осиёи Миёнаро забт кардани арабҳо он кӯҳи Махатон ном дошт. Дар доманаҳояш аз қадимулайём одамони шуҷоу далер мезистанд. Бойигарии қиматбаҳо, киштаҳои ҳосилхез, боғу токзори файзбор овозаи ин сарзаминро ба ҳафт иқлим бурда буданд. Сарлашкарони аҷнабӣ ба нияти забти мулк, толони ганҷҳо ба ин макони обод борҳо дасти таарруз дароз кардаанд. Дар тӯли асрҳо борҳо мулк харобу обод гашт. Ҳар гоҳе аз хоку хокистар қомат рост менамуд, диққати ҷоҳталаби дигареро ба худ мекашид.
Сарлашкари Араб Асад ибни Абдуллоҳ низ дабдабаи бекарону сипоҳи гарон дошт. Аъробии аз ғалабаҳои пешин сармаст дар Хуталон, дар наздикии кӯҳи Махатон аз аҳолии маҳаллӣ саркӯб шуд. Ба шаҳри Балх фирор кард, ки он ҷо аҳолии аз ғалабаи хутталиён бохабар сарлашкари нусратбаргаштаю шармандаро бо суруди зер мазаммат карданд:
Аз Хуталон омадия,
Ба рӯ табоҳ омадия,
Обод боз омадия,
Хушку низор омадия.
Асад ибни Абдуллоҳ аз ин ба ғазаб омада, мунодӣ ҷеғ зад ва сурудани мадҳияро манъ карданӣ шуд. Аммо муваффақ нагашт. Сурудро аз даҳони мардум дур карда натавонист. Ҳарчанд барояш нангин буд, тавассути ин суруд дар таърих номаш монд.
Адабиётшиносон онро чун пайки нахустини шеъри тоҷикӣ ба қалам дода, эътироф кардаанд. Ҳоло ҳар тоҷикбачаи ба даст китоби илму адаб гирифта, ин сурудро аз бар мекунад. Бо ин ба ниёкони хеш бо назари нек менигарад ва ба авлоди муборизу фирӯзаш ифтихор дорад. Гузаштаи пурифтихор боиси сарбаландӣ ва сарсабзиҳои имрӯзаи миллати ӯст. Алломаи бузурги асри 10 Абурайҳони Берунӣ навиштааст, ки «Махатон яке аз захираҳои калонтарини намаки ҷаҳон мебошад. Намаки он сафеду кабудчаранг, замчмонанд, сурхчатобу бунафшранг буда, хеле хуштаъм ва сифаташ аъло мебошад». Дар баъзе сарчашмаҳои дигари таърихӣ номи ин кӯҳ Меҳатон ва гоҳи дигар «Маҳатон» омадааст. Ақидае ҳаст, ки шояд аз ибораи «Меҳ Хатлон» бошад: «меҳ» - калон, баланд ва таркиби дуюмаш ҳамоно Хатлон аст – «Баландии Хатлон». Дар минтақа, бахусус Кӯлоб, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Темурмалику Фархор ин кӯҳи намак намоён аст.
Сабаби Хоҷамуъмин ном гирифтани кӯҳи намак дар он аст, ки аз асри 9, пас аз истилои араб ба ин ҷо бисёр олимони илоҳиётшиноси форсу араб сафар карданд ва мафтуни табиати зебо, кӯҳҳои пур аз ганҷ, чашмаҳои шифобахш, дарёҳои пуроби мусаффо, мардуми меҳмоннавоз гашта, аксари онҳо дар ин мавзеъҳо монданд. Тибқи ривоятҳо, чаҳор бародари бузургвор: Ҳазрати Хоҷа Сартези Валӣ, Хоҷа Абдулмуъмини Валӣ, Хоҷа Қутбиддини Валӣ ва Хоҷа Киромиддини Валӣ ин ҷо зистанд. Онҳо донишмандони бузурги илоҳиётшинос буда, дар охирҳои асри 11 ва аввалҳои асри 12 аз Эрон ба Хатлон омада, маскан гирифтанд. Ба гуфти сокинони деҳоти атрофи кӯҳ, Ҳазрати Хоҷа Абдулмуъмин донишманди бузург ва марди тозакор будааст. Қаблан дар масҷиди пояи кӯҳи Махатон ҳаёт ба сар мебурд ва сипас дар ҷойи хушманзараи болои кӯҳ бошишгоҳ сохтааст. Пас аз мавт дар он ҷо мадфан шудааст. Ӯ фармудааст: «Аз намак, мева, алафу гиёҳҳои шифобахши кӯҳ истифода баред, вале шохи тари дарахтонро нашиканед. Ин амал ба шумо хисороти зиёд меоварад». Мардум ба васияти ҳазрат эътибор надода, тамоми дарахтони ин кӯҳро бурида, ҳатто барои фурӯш ба бозор бароварданд. Бо сабаби гуноҳи нобахшидании мардум як қисмати бузурги кӯҳ урён гаштааст.
Кӯҳи Хоҷамуъмин кони бузургтарини намак дар минтақа буда, истеҳсоли он аз қадим бо усули осону сода ба роҳ монда шудааст. Баъди истиқлолияти ҷумҳурӣ нафароне, ки қитъаҳои алоҳидаи кӯҳро ба иҷора гирифтаанд, дар ҷойҳои ҳамвор палҳо ороста, оби шӯри чашмаҳоро банд мекунанд. Дар чанд рӯз намак такшин шуда, оби соф бухор гашта, қабати ғафси 15 - 30 сантиметраи намак боқӣ мемонад. Ҳоло намакро дар навоҳии Восеъ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ коркард намуда, ба мизоҷон пешкаш мекунанд. Дар корхонаҳои нисбатан калон намакро йоднок намуда, дар ду намуд – суда ва реза ба фурӯш мебароранд.
Аз кӯҳ беш аз 160 чашмаи шӯри об ҷорӣ мегардад. Олимони амрикоӣ кӯҳро таҳқиқ намуда, харитаи онро тартиб додаанд. Ба ақидаи онҳо агар аз кӯҳи азим чашмаҳои шӯри намак ҷорӣ нагардад, қуллаи он бо мурури замон баланд мешавад.
Чашмаҳои оби равон басо зебову аҷибанд. Онҳо аз умқи замин фаввора зада мебароянд. Дар таркиби оби ин чашмаҳо намудҳои гуногуни микроэлементҳо, инчунин пайвастагиҳои маъданҳои ҳалшуда фаровонанд, ки барои инкишофи ҷисмонии инсон ва ҳайвонот хеле зарур мебошанд. Аз ҳамин лиҳоз, оби ин чашмаҳо хусусияти табобатӣ низ доранд ва сокинони атроф аз он хеле хуб истифода мебаранд. Беморон дар оби чашмаҳо худро табобат мекунанд.
Мувофиқи нишондоди муаррихон, аз даврони қадим табибони халқии маҳалҳои атрофи ин кӯҳ бемориҳои тарбод, пӯст, диққи нафас (астма) ва ғайраҳоро ба воситаи лой ва оби шӯри ин чашмаҳо муолиҷа мекарданд. Ин усули табобат то ҳол идома дорад. Дар хусуси шифобахшии оби ин чашмаҳо муаррихи рус Н. М Федоровский навиштааст: «Аз ҷумлаи аскарони рус, ки барои адои хизмати ҳарбӣ ба ин сарзамин омада буданд ва ба бемории пӯст гирифтор мешуданд, дар оби ин чашмаҳои намакин оббозӣ карда, худро табобат мекарданд ва шифо ёфта, хизмати ҳарбиро идома медоданд».
Дар поёни кӯҳ ғоре ҳаст, ки паҳнои он тақрибан ба 30 - 35 метр мерасад. Ғорҳои ин гунбаз аз замонҳои қадим диққати сайёҳонро ба худ ҷалб намудааст. Ба ақидаи мутахассисон қисми зиёди онҳо хосияти муваққатӣ доранд. Яке аз ғорҳо 350 метр масоҳат дошта, аз дохили он оби чашма ҷорӣ мешавад. Ҳавои ғор сард буда, ҳатто дар фасли тобистон аз 12 дараҷа боло намешавад.
Як хусусияти ғорҳо баровардани овози мусиқӣ мебошад. Ҳангоми резиши чашмаҳо ба поён ва шамол дар дохили ғор садои чак-чаки оби чашмаҳои сарозер шоранда чун навои мусиқӣ ба гӯш мерасад. Азбакси ғорҳо ҳавои хушк ва сояи салқин доранд, дар дохили он ҳайвонот ва парандагони зиёде зиндагӣ мекунанд. Аз парандаҳо бештар кабк дучор меояд. Мардум ақидае доранд, ки хосияти шифобахшии ғорҳо зиёд аст, агар шахси гирифтори бемории диққи нафас (астма) дар дохили он муддати се шабонарӯз дусоатӣ нишаста, аз ҳавои он нафас кашад, шифо меёбад.
Бо вуҷуди он, ки ин ҷо кӯҳи бузурги намак аст, бо гузашти солҳо боз ҷангалзор гашта, алафу гиёҳҳои шифобахш мерӯянд. Дарахтони мевадиҳанда, аз қабили писта, дӯлона, бодоми талхак, туғдона ва ғайра бештар дучор мешаванд. Дарахтони сояафкани чанор, газ ва аз ҳама бештар арчаи ҳамешасабз вомехӯранд, ки намуди кӯҳро зебо ва сарсабз ишон медиҳанд.
Кӯҳи Хоҷамуъмин як ганҷинаи нодири табиист ва дорои манзараҳои дилфиреб, гиёҳҳои давоӣ, ҷангалҳои зебо буда, барои сайру саёҳати сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ мувофиқ аст. Рафтану дидани он чандон душвор нест. Кӯҳи Хоҷамуъмин дар шафати шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Кӯлоб - Хоруғ – Қулма ҷойгир аст. Бовар дорем, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия ин мавзеъ ба минтақаи нави сайёҳии байналмилалӣ табдил меёбад.
Мирзои ФИРӮЗ,
Моҳрухсор РАҲИМОВА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.04.2014 №: 64 Мутолиа карданд: 6653