мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон
Трейси Ҷекобсонро
ба ҳузур пазируфт
6 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Трейси Ҷекобсонро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуданд.
Оид ба нақшаи Амрико доир ба зиёд намудани нерӯҳои низомиаш дар Афғонистон, авзои кунунӣ ва рушди минбаъдаи он дар ин кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Бо назардошти ниёзи нерӯҳои эътилофии посдори сулҳи Афғонистон ба расондани борҳояшон аз тариқи минтақаи Осиёи Марказӣ, сохтмони боз як пули мошингард дар дарёи Панҷ дар ноҳияи Фархори Тоҷикистон зарур шумурда шуд. Ба гуфти Трейси Ҷекобсон айни ҳол лоиҳаи Асоснокии техникию молиявии сохтмони ин пул аз ҷониби Амрико мавриди омӯзиш қарор дорад.
Дар марҳилаи кунунӣ истифодаи пурраи пули Панҷи Поён аз афзалиятҳои асосии Амрико дар таъмини транзити борҳо ба Афғонистон маънидод шуд.
«Тоҷикистон омода аст, ки ба Амрико ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ дар таъмини транзити борҳои тиҷоратӣ ва башардӯстона ба Афғонистон ҳамаҷониба мусоидат намояд», - таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Таъкид гардид, ки расондани бемонеаи борҳои гуногун, аз ҷумла масолеҳи сохтмон, маводи сӯхту ғизоӣ, доруворӣ ва ғайра на танҳо барои нерӯҳои низомӣ, балки баҳри кӯмак расондан ба барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон низ бисёр муҳим аст.
Дар мавриди ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ – техникии ду кишвар зикр гардид, ки ҳамасола беш аз 80 чорабинии муштарак оид ба омӯзиши кадрҳо дар Тоҷикистон, Амрико ва дигар кишварҳои ҷаҳон, семинару конфронсҳо, машқҳои низомӣ ва ғайра гузаронда мешаванд.
Ба иттилои Трейси Ҷекобсон Амрико ҳамчунин дар бунёди терминали гумрукии Панҷи Поён, як машқгоҳи низомӣ дар шаҳри Турсунзода ва таҷдиди заставаҳои сарҳадии Тоҷикистон саҳми намоён мегузорад.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо гуфтугӯ сурат гирифт.
ххх
Трейси Ҷекобсон, Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳояшро ба хабарнигорон чунин иброз дошт:
-Ман бо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар фазои озод ва ҳусни тафоҳум як қатор масоили мубрами рӯз, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни ҳар ду кишвар, вазъи кунунии Афғонистон, саҳми Тоҷикистон дар суботи авзои ҶИА, ҳамчунин транзити борҳои тиҷоратии Амрико аз қаламрави Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додем.
Дар вохӯрӣ Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки дар таъмини транзити борҳои тиҷоратӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маводи ғизоию сӯзишвории аз Амрико ба Афғонистон интиқолшаванда мусоидат хоҳанд кард.
Бино ба иттилои сафир бо дарназардошти ба Афғонистон фиристодани 30 ҳазор низомии амрикоӣ ва расондани борҳои мавриди ниёзашон ба ин кишвар мувофиқа ҳосил шуд, ки дар дарёи Панҷ боз як пули мошингард бо маблағгузории Амрико сохта шавад. Бунёди пули мазкур дар ноҳияи Фархори Тоҷикистон дар назар аст ва ҳафтаи пеш Ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи расмии онро барои омӯзиш ба ҷониби амрикоӣ пешниҳод намудааст.
Дар вохӯрӣ инчунин мавриди баҳрабардории пурра қарор додани пули мавҷудаи Панҷи Поён матраҳ шуд. Он ояндаи наздик ба таври шабонарӯзӣ мавриди истифода қарор мегирад. Зикр гардид, ки ИМА дар бунёди як тамрингоҳи низомӣ барои артиши Тоҷикистон дар ноҳияи Турсунзода, терминали гумрукӣ дар Панҷи Поён, барқарорсозии дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, баргузории машқҳои муштарак ва дигар чорабиниҳои омӯзишӣ саҳм мегузорад.
Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2624