logo

энергетика

Тарифаи нерӯи барқ бояд хароҷоти "Барқи тоҷик"-ро пӯшонад

Мутобиқи муқаррароти Қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи монополияҳои табиӣ» хизматрасонӣ оид ба истеҳсол, интиқол ва тақсимоти нерӯи барқ ва гармӣ ба доираи монополияҳои табиӣ мансуб аст ва фаъолияти субъекти хоҷагидорие, ки дар ин самт ба роҳ монда шудааст, аз ҷониби мақомоти ваколатдори ҷумҳурӣ -мақомоти зиддимонополӣ (Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ) назорат ва танзим мешавад. Танзим дар муайян ва муқаррар намудани тарифаҳои хизматрасонии субъектҳои монополияҳои табиӣ сурат мегирад.
Азбаски фаъолияти Ширкати саҳомию холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ба истеҳсол, интиқол ва тақсимоти нерӯи барқ ва гармӣ нигаронида шудааст, фаъолияти он зери талаботи Қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи монополияҳои табиӣ» қарор мегирад. Мутахассисони вазорати мо дар ин робита таҳлили вазъи иқтисодӣ ва молиявии субъекти монополияи табиӣ –Ширкати «Барқи тоҷик»-ро анҷом доданд. Муайян гардид, ки дар давоми соли гузашта дар нерӯгоҳҳои барқии обӣ ва Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 17341,3 млн. кВт-соат нерӯи барқ ва 682,8 ҳазор Гкал қувваи гармӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2006 мутаносибан 103,5 ва 138,0 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми талафоти нерӯи барқ дар ин давра 13,4 фоизи ҳаҷми умумии қувваи барқи истеҳсолшударо ташкил додааст, ки нисбат ба меъёрҳои пешбинишуда 1,0 фоиз кам мебошад.
Ҳамчунин мутобиқи созишномаҳои баимзорасидаи байнидавлатӣ ба мақсади таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ дар тӯли соли гузашта ширкати мазкур дар ҳаҷми 1057,1 млн. кВт-соат қувваи барқро ба ҷумҳурӣ ворид намуда, дар навбати худ таносубан ба миқдори 955,2 млн. кВт -соат нерӯи барқ содир кардааст.
Соли гузашта арзиши аслии 1 кВт-соат қувваи барқи истеҳсолшуда дар НБО-ҳо 0,30 дирам, хароҷоти расониши он ба истифодабарандагон 1,60 дирам ва умуман арзиши ниҳоии он 1,90 дирамро ташкил додааст. Арзиши барқи истеҳсолшуда дар Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба 21,23 дирам баробар мебошад.
Омӯзишу таҳлил нишон медиҳанд, ки соли сипаришуда дар ширкати мазкур хароҷоти умумӣ 354,0  млн. сомониро ташкил дод. Ҳаҷми маҳсулоти молӣ ва фурӯши барқ ба 312,5 млн. сомонӣ ва қувваи гармӣ ба 2,7 млн. сомонӣ баробар шуда, ҷамъоварии воқеии ҳаққи нерӯи барқи истифодашуда ҳамагӣ 305,6 млн. сомонӣ ва қувваи гармӣ 314,7 ҳазор сомониро ташкил додааст. Ҳамин тариқ ҳаҷми воқеии ҷамъоварии маблағҳо аз фурӯши нерӯи барқ ба 96,5 фоиз ва қувваи гармие, ки аз ҷониби Корхонаи шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе расонида мешавад, ба 11,4 фоиз баробар шуд.
Дар натиҷа ШСҲК «Барқи тоҷик» дар соли 2006 хароҷоташро пӯшонда натавониста, аз ҳисоби фарқи хароҷот ва маҳсулоти молӣ дар ин давра ба андозаи 41,5 млн. сомонӣ зарари молиявӣ дид. Дар ин ҷо бояд зикр намуд, ки 41,4 фоизи хароҷоти умумии ширкатро хароҷоти Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ташкил медиҳад.
Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки тарифаи миёнаи фурӯши барқ дар ҷумҳурӣ соли гузашта 2,62 дирамро ташкил дод. Танҳо аз ҳисоби аз тарифаи миёна пасттар фурӯхтани барқ ба гурӯҳҳои алоҳидаи истифодабарандагон зарари молиявии «Барқи тоҷик» дар он сол ба 66,7 млн. сомонӣ баробар шудааст. Илова бар ин қарзи умумии ширкат оид ба саҳмгузории лоиҳаҳои инвеститсионӣ то ибтидои соли ҷорӣ (бо назардошти қарзи солҳои гузашта) 57,1 млн. сомониро ташкил медиҳад. Ин аст чанд сабаб ва омили баландшавии нархи қувваи барқ ва гармӣ. Дар муроҷиати ширкат дар баробари баланд намудани тарифаи нерӯи барқ ва гармӣ, инчунин ҳашт пешниҳоди дигаре баён гардидааст, ки ҳар кадоми онҳо мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дорад.
Маълум аст, ки рушди соҳа ба пардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ ва гармӣ вобаста аст. Таҳлилу омӯзиши мутахассисони вазорат нишон дод, ки ин масъала то ҳанӯз пурра роҳи ҳалли худро пайдо накардааст. То ибтидои соли ҷорӣ қарзи корхонаю созмонҳои мухталиф ба ширкати «Барқи тоҷик» 225,5 млн. сомониро ташкил медиҳад. Ин ҷо қарзи зиёди чанд корхонаю муассисаро метавонам номбар кунам. Аз ҷумла қарзи КВД «Ширкати Алюминийи тоҷик» -50,0 млн. сомонӣ, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об -63,2 млн. сомонӣ, КВД  «Тоҷиксемент» -1,5 млн. сомонӣ, ҶШСК «Тоҷиккимёсаноат» -7,3 млн. сомонӣ, Вазорати кишоварзӣ -8,3 млн. сомонӣ ва Корхонаи обу корези шаҳри Душанбе -5,8 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Қарзи Ширкат аз буҷет то 1 июли соли 2008 ба 86,4 млн. сомонӣ ва аз лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба 36,4 млн. сомонӣ расидааст. Бинобар ин қарзи мавҷуд ба Ширкат имкон намедиҳад, ки хароҷоти зарурии низоми энергетикии ҷумҳуриро пӯшонад. Аз ҷумла, хароҷоти вобаста ба саҳмгузории лоиҳаҳои инвеститсионии соҳаи энергетикаро. Айни ҳол Ширкат дар раванди амалишавии лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар ҳаҷми 36,4 млн. доллар қарздор мебошад. Дар ҳолати сари вақт пардохт накардани маблағи пешбинишудаи лоиҳаҳои инвеститсионӣ аз тарафи Тоҷикистон, ин амр метавонад ба қатъи сохтмони иншоотҳои энергетикӣ анҷомад.
Вале ҷараёни пардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби аҳолӣ хеле беҳтар гардида, соли гузашта ин нишондод 96,5 фоизро ташкил дод. Мо итминон дорем, дар сурати пардохти пурра ва сари вақти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти соҳаи мазкур ва омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 он мушкилоте, ки соли гузашта ба амал омада буд, дигар такрор нахоҳад шуд.
Тайи чанд сол аст, ки дар ҷумҳурии мо нисбат ба дигар давлатҳои ИДМ пасттарин тарифаи нерӯи барқ амал менамояд ва дар оянда низ ин тамоюл давом хоҳад кард. Барои маълумот чанд мисол меорам. Дар айни замон тарифаи миёнаи 1 кВт-соат нерӯи барқ дар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, монанди Ӯзбекистон -3,14 сент, Қазоқистон -2,13, Қирғизистон-1,56, Русия -3,54, Озарбойҷон -2,29, Арманистон -4,95, Белорус -6,30, Гурҷистон -5,08, Молдова -5,72, Украина -4,42 сенти ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ин рақамҳо бармеояд, ки камтарин тарифаи нерӯи барқ дар миёни кишварҳои иттиҳод дар ҷумҳурии мо ва Қирғизистон аст.
Вазъи молиявию иқтисодии феълии ШСҲК «Барқи тоҷик» ва шартҳои Эъломияи ҳамраъйии миёни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки ҷаҳонию Бонки рушди Осиё оид ба равнақи соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ҳамасола танзими тарифаҳои нерӯи барқро тақозо менамоянд. Яъне тарифаҳои нерӯи барқ бояд дар сатҳе муқаррар шаванд, ки хароҷоти ШСҲК «Барқи тоҷик»-ро пӯшонида тавонанд ва рушди соҳаро таъмин намоянд.

Т. РАБИЕВ, сардори Раёсати сиёсати зиддимонополӣ ва рушди рақобати Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4817
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед