logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

10 апрел Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар оғози бунёди боғи нав ва мулоқот бо мардум ба ноҳияи Файзобод сафар кард.

Иштирок дар оғози бунёди боғи нави себу нок дар мавзеи хушобуҳавои Дашти Марзои Ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашт ва мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Файзобод аз ҳадафҳои асосии боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Файзобод номида шуд. Чунонки зикр гардид, ин боғ ба таври намунавӣ дар майдони беш аз 120 гектар доман паҳн хоҳад кард. Ба бунёд ва нигоҳубини боғ 60 хоҷагии деҳқонӣ машғул мешавад, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар яки он 2 гектар рост меояд. Дар ин мазеи зебо, ки обу хок ва иқлимаш барои парвариши боғи себу нок басо мусоид аст, беш аз 250 нафар бо кор таъмин шуда, ризқу рӯзӣ ҳосил хоҳанд кард.
Тавре зикр гардид, ин заминҳо тайи солҳои охир бо сабаби корношоям гардидани заҳкашҳои сунъӣ ва баланд шудани обҳои зеризаминӣ аз истифодаи кишоварзӣ дур монда буданд. Акнун тибқи супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба дубора ба гардиши кишоварзӣ баргардондани заминҳои партову бекор ва ҳам доир ба бунёди боғҳои нав ин заминҳо дубора обод шуда, ба бӯстони зебо табдил мегарданд.
Чунонки иттилоъ доданд, нишондодҳои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010 - 2014» дар ноҳияи Файзобод пурра иҷро гардидааст. Дар соли равон, тибқи нақша бояд дар майдони 50 гектар боғҳои нав бунёд ёбанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ба ҳамаи хонаводаҳои хоҳишманди бунёди боғ замин дода шавад, то ки ин кор ривоҷу равнақ пайдо кунад. Ба роҳбарияти ноҳия ва масъулони соҳаи кишоварзии кишвар дастур дода шуд, ки дар ноҳияи Файзобод минбаъд дар масоҳати 4 ҳазор гектар боғҳои намунавӣ барои истеҳсоли меваҳои содиротӣ бунёд намоянд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои зебои мардумии ноҳия дидан карда, доир ба таъмини рушди босуботи ин ва дигар бахшҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Файзобод ба масъулон дастуру ҳидоятҳо дод. Тавре таъкид гардид, рушди ҳунарҳои зебои мардумӣ низ метавонад аз манбаъҳои муҳими даромади хонаводагии ҳар фарди ҳунарманд бошад.
Дар ҳамин ҷо лоиҳаи бунёди марҳалаи дуюми корхонаҳои мурғпарварии ҶДММ «Мурғи ҳилол» муаррифӣ шуд. Тибқи иттилоъ дар ин марҳала 61 мурғхонаи нав барои парвариши мурғи гӯштӣ бунёд мешавад. Дар 29 - тои он ҳамасола то 6 миллион сар парандаи гӯштӣ парвариш хоҳад ёфт. Мутобиқи нақша ҳар сол аз корхона 12 ҳазор тонна гӯшти мурғ ба бозор бароварда хоҳад шуд. Барои таъмини босамари ҳадаф дар ин ҷо ҳамчунин инкубатор фаъол мегардад, ки ҳар сол 8 миллион сар чӯҷа бояд барорад. Чӯҷаҳо дар 12 мурғхонаи махсус муҷаҳҳазшуда парвариш хоҳанд ёфт. 20 мурғхонаи дигар барои мурғоне пешбинӣ шудааст, ки тухми онҳо ҷиҳати баровардани чӯҷаҳои гӯштӣ истифода хоҳанд шуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки дар марҳалаи якуми корхонаи «Мурғи ҳилол» 32 мурғхона барои парвариши парандаи тухмгузор омода шуда буд ва ҳоло дар онҳо тақрибан 500 ҳазор сар мурғ парвариш меёбад ва ҳамарӯза аз 250 то 300 ҳазор тухм ба бозор бароварда мешавад. Дар корхона наздик ба 600 нафар, асосан занону духтарони маҳаллӣ, бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Дар назди корхона, инчунин 12 мурғхонаи иловагӣ барои чӯҷаҳои мурғҳои тухмгузор бунёд меёбад. Тавре аён мегардад, дар ин сурат ин корхона қариб пурра худкифо мегардад. Ҳоло бошад, чӯҷаи мурғ аз хориҷи кишвар ворид мешавад.
Дар назди ҶДММ «Мурғи ҳилол» корхонаи инноватсионии биогаз низ бунёд меёбад, ки дар он аз поруи мурғ гази табиӣ, неруи барқ ва нуриҳои органикӣ истеҳсол хоҳад шуд. Дар корхона ҳамарӯза 120 тонна пору мавриди коркард қарор гирифта, аз он дар як шабонарӯз 12 ҳазор метри мукааб газ ва 1,2 мегаваттсоат нерӯи барқ тавлид хоҳад шуд. Дар як сол ин ҷо 9 миллиону 100 киловатт/соат нерӯи барқ истеҳсол хоҳад шуд. Ҳаҷми солонаи истеҳсолии нурии органикӣ бошад, ба 20 ҳазор тонна хоҳад расид. Барои бунёди корхонаҳои нави ҶДММ «Мурғи ҳилол» 63 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок аз Бонки рушди АвруОсиё ҷалб шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарияту фаъолони ноҳия ва мардуми сершумори деҳоти атрофи ин мавзеи зебо суханронӣ намуда, доир ба таъмини рушди босубот ва босуръати ин минтақаи кӯҳистон андешаҳои ҷолиб баён намуд. Таъкид гардид, ки ноҳияи Файзобод оянда бояд ба беҳтарин ва бузургтарин ноҳияи боғпарвар табдил ёбад. Нишондодҳои картошкапарварӣ низ бояд афзун гарданд. Бо итминон таъкид гардид, ки ноҳияи Файзобод мавқеи худро чун аз таъминкунандагони асосии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти паранда, пеш аз ҳама тухм ва гӯшти мурғ бояд устувор гардонад.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2014    №: 67    Мутолиа карданд: 1799
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед