мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Аксел Шиммелпфенниг
6 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин роҳбари гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфеннигро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи ҷаҳонии молиявӣ баррасӣ шуданд.
Аксел Шиммелпфенниг бо қаноатмандӣ изҳор дошт: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи махсуси мушоҳидавии Хазинаи байналмилалии асъорро пурра иҷро намуд ва акнун мо ба таҳия ва пешниҳоди барномаи нави ҳамкорӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёт шурӯъ мекунем».
Ба иттилои Аксел Шиммелпфенниг ҳамчунин санҷиши фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон бо натиҷаҳои мусбат анҷом ёфт ва акнун ҳеҷ монеае барои рушду густариши ҳамкориҳо вуҷуд надорад.
Таъкид гардид, ки дар таҳияи барномаи нави ҳамкорӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёт таваҷҷӯҳи асосӣ ба андешидани чораҳои муассир баҳри паст намудани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон зоҳир карда мешавад.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҳар ду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии худро оид ба рушди ҳамкориҳо таъкид намуданд.
ххх
Роҳбари гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфенниг пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Сардори давлати Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, ки мо зимни сӯҳбати самимӣ ва пурмӯҳтаво омодагии хешро баҳри рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид намудем ва аз он қаноатманд гаштем, ки натиҷаҳои пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли 2008 хеле хуб буданд. Ин дар ҳоле даст дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии кишвари шумо чораҳои муассири сиёсати макроиқтисодиро дар амал татбиқ намуданд. Аз ҷумла ҳаҷми истеҳсоли Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ҳашт дар сад афзуд. Дар ин муддат беқурбшавии пул кам гардида, охири моҳи декабр он 12 дар садро ташкил дод.
Ба гуфти Аксел Шиммелпфенниг вазъият дар соли 2009, тавре ки интизор меравад, мушкилтар мешавад. Коҳиш ёфтани суръати рушди иқтисодиёт дар ҷаҳон ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири манфии худро мерасонад. Ба мо маълум аст, ки вақтҳои охир нархи маҳсулоти асосии содиротии кишвар- алюминий ва нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ хеле паст гардид.
Вобаста ба ин гурӯҳи кории мо дар Душанбе давоми ду ҳафта бо мақомоти марбутаи Тоҷикистон нақшаҳои иқтисодии соли 2009-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳад. Мо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллӣ ҷиҳати таҳияи тадбирҳои муассири сиёсати макроиқтисодӣ, ки ба пешгирии таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ нигаронида мешаванд, мусоидат менамоем.
Роҳбари гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор тазаккур дод, ки мо якҷо бо иқтисоддонҳову коршиносони Тоҷикистон ба таҳияи Барномаи нави ҳамкорӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёт шурӯъ хоҳем кард, зеро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи махсуси мушоҳидавии ХБА-ро пурра иҷро намуд.
Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2503