logo

барқияҳо

ЛАУРЕАТИ МУКОФОТИ НОБЕЛ ГАБРИЭЛ ГАРСИА МАРКЕС ДАРГУЗАШТ

18 апрел дар синни 87-солагӣ нависандаи машҳури колумбинажод Габриэл Гарсиа Маркес аз олам даргузашт.
Президенти Колумбия Хуан Мануэл Сантос  дар робита ба марги нависандаи машҳур се рӯз дар кишвар мотам эълон кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо талафоти бебозгашт -  даргузашти нависандаи машҳури ҷаҳонӣ, Лауреати мукофоти Нобел, классики адабиёти асри мо - Габриэл Гарсиа Маркес барқияи тасаллият ирсол намуд. 
Сарвари давлат қайд намуд, ки дар асарҳои нависанда ҳақиқат ва тахайюлот хеле пайвастӣ доранд. Онҳо гузашта, ҳозира ва ояндаро мепайванданд.
Моҳияти фалсафаи умумибашарӣ ва умумипланетарии Маркес аз он иборат аст, ки инсонро доимо бобати тақдири ӯ дар Замин, дар бораи инсондӯстӣ ва ҷавонмардӣ, ахлоқи покиза, оид ба зарурати зистан дар сулҳу тифоқӣ хотиррасон мекунад.
Габриэл Гарсиа Маркес — нависандаи машҳури колумбӣ - носир, журналист, ношир ва ходими сиёсӣ, Лауреати мукофоти Нобел дар соҳаи адабиёт дар соли 1982 мебошад. Намояндаи «реализми муъҷизаовар» ва арбоби барҷастаи Амрикои лотинӣ ва носири ҷаҳонии асри ХХ аст. Романҳои «Тирамоҳи Патриарх» («Осень Патриарха»), «Муҳаббат ҳангоми тоун» («Любовь во время чумы») ба нависанда шуҳрати ҷаҳонӣ оварданд. Вай муаллифи «Сад соли танҳоӣ» («Сто лет одиночества»), повести «Генерал дар лабиринти худ» («Генерал в своем лабиринте» ва бисёр асарҳои дигар низ мебошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2014    №: 74    Мутолиа карданд: 1403
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед