барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ПАК КИН ХЕ
19 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин Хе барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
“Хонуми Олиҷоҳ,
Бо камоли андуҳ хабари ғарқ шудани киштии мусофирбари “Севол” дар соҳили ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Кореяро, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон гардидааст, дарёфт намудам. Марги толибилмони ҷавон дар ин фоҷеа моро дучанд ғамгин намуд.
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро ба халқи дӯсти Корея бо ин талафоти бузург баён намуда, ба наздикони фавтидагон тасаллиёти самимии хешро иброз медорам”.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.04.2014 №: 74 Мутолиа карданд: 1417