logo

порлумон

БА ҚОНУНИ ИНТИХОБОТ ТАҒЙИРУ ИЛОВА ВОРИД ШУД

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, гузашт, даҳ масъала баррасӣ гардид. Зимни ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Муҳиддин Кабиров, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, иброз дошт, ки мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо бартараф намудани мухолифатҳо байни қонуни амалкунанда ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар гирифтани тавсияҳои нозирони байналмилалӣ ва миллӣ пешниҳод шудааст. Назар ба гуфтаи мавсуф, ду пешниҳод аз лоиҳаи пешниҳоднамудаи онҳо қабул шудааст.
Галия Рабиева, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, сабабҳои қабул нагардидани дигар пешниҳодҳоро шарҳу тавзеҳ дод.
Дар баробари ин, ду пешниҳод - яке дар бораи баргардондани гарави интихоботӣ ба номзад дар сурати соҳиб шудани ӯ ба 10 дарсади овози интихобкунандагон ва дигаре бо қалами худкори рангӣ пур кардани протокол дар бораи натиҷаҳои овоздиҳӣ аз тарафи се кумита дастгирӣ ёфт ва аз ҷониби ду кумита ва Ҳукумати ҷумҳурӣ эрод гирифта нашуд. Бинобар ин, саркумита ин ду пешниҳодро дастгирӣ намуда, лоиҳаи қонунро такмил дод.
Дар натиҷа аз 62 эроду таклифҳои воридшда 52 - тоаш қабул, 4 - тоаш қисман қабул ва 6 - тоаш бо сабаби тағйир додани лоиҳаи қонун қабул нашуд. Зикр гардид, ки ҳаҷми гаравпулӣ аз 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 100 нишондиҳанда расид.
Ҳамчунин ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
Лутфулло Саидмуродов, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» гуфт, ки ҳадафи асосии он танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти таҳия, экспертиза, нашр, таъмину дастрасии адабиёти таълимӣ ва афзун намудани талабот ба сатҳи мазмуну муҳтавои адабиёти таълимист.
Мавсуф зикр кард, ки бо рушди муносибатҳои бозорӣ ва ба вуҷуд омадани дигаргуниҳои куллӣ дар раванди усулҳои дарк кардани олам ва ҳаёти ҷомеа, инчунин ба тарзи васеъ истифода намудани низомҳои нави таҳсилот, ба монанди низоми таълимии кредитӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, талаботи миқдорӣ ва сифатии раванди таҳсилот ба адабиёти таълим дучанд меафзояд.
Санҷишҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар соли таҳсили 2012-2013 нишон дод, ки азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ 69 дарсадро ташкил мекунад. Бинобар ин, нашри китобҳои дарсии баландсифату пурмуҳтаво барои хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ вазифаи ниҳоят муҳим барои масъулони Вазорати маориф ва илм ба ҳисоб меравад.
Назар ба гуфтаи ӯ, аз соли 2001 то 2010 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 200 номгӯи китобҳои дарсиро бо теъдоди 18,3 миллион нусха бо маблағи зиёда аз 72 миллион сомонӣ ба табъ расонд. Соли 2013 бошад, 39 номгӯи китоби дарсӣ ба миқдори 1,8 миллион нусха ба маблағи қариб 1,5 миллион сомонӣ чоп шуд. Имрӯз вақти он расидааст, тамоми адабиёти таълимӣ, ки дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот истифода мешаванд, аз ҷониби муаллифон, олимон донишмандон бознигарӣ шуда, тибқи талаботи стандартҳои нави давлатии таълимӣ ва фаннӣ навишта ба табъ расонда шаванд.
Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, иброз дошт, ки аз ҳисоби маблағҳои грантӣ стандартҳои фаннии ҳамаи фанҳои тадрисшавандаи муассисаҳои таҳсилоти умумиро омода кардаем. Дар назар аст, ки аз соли 2015 чопи китобҳои нав шурӯъ мегарданд.
Мунаввари Сафар,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2014    №: 78    Мутолиа карданд: 1413
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед