барқияҳо
Барқияи шодбош
10 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бинобар солгарди Инқилоби Исломии кишвараш барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
Ифтихор дорам, ки Ҷаноби Олӣ ва аз тариқи Шумо ҳукумат ва мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эронро ба муносибати фаро расидани ҷашни сиюмин солгарди Инқилоби Исломӣ табрик ва таҳният гӯям.
Дастовардҳое, ки Эрон тайи солҳои ахир ба даст овардааст, зимни таъмини зиндагии борафоҳият барои мардуми кишвар мӯҷиби ба таври бесобиқа боло рафтани обрӯву нуфузи Ҷумҳурии Исломӣ дар арсаи байналмилалӣ гаштааст. Рушди сареи иқтисод, амну истиқрори кишвар ва ба кайҳон баровардани моҳвораи миллӣ тавассути мушаки эронӣ шоҳиди ин гуфтаҳоянд.
Дар Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аҳамияти хоса медиҳанд. Итминон дорам, ки истифодаи бештари ду ҷониб аз тамоми имкониятҳои мавҷуда дар роҳи таҳкиму таъмиқи равобити ҳасанаи ду кишвар комёбиҳои ҷадид ба бор хоҳад овард.
Ба Ҷаноби Олӣ бурдборӣ, муваффақият ва пирӯзиҳои нав ба нав, ба мардуми бародар хонаи обод ва ба кишвари дӯст сулҳу субот ва пешравиҳо орзумандам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 8714