барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ
3 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
“Ҷалолатмаоби гиромӣ,
Бо андӯҳи бузург хабари фаромадани ярчро дар яке аз деҳаҳои вилояти Бадахшон, ки мӯҷиби марги садҳо нафар гаштааст, дарёфт намудам.
Бо ибрози таъзия ва тасаллияти бародарона, хоҳишмандам ҳамдардии инҷониб ва мардуми бародари Тоҷикистонро ба хонаводаҳои ҳалокшудагон бирасонед. Ба аҳлу пайвандони бозмондагон сабри ҷамил хоҳонем.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун”.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.05.2014 №: 83-84 Мутолиа карданд: 1432