logo

туризм

«ТОҶИКИСТОН МАВҚЕИ ШОИСТАИ САЙЁҲӢ ПАЙДО МЕКУНАД»

- Сайёҳӣ дар ҷаҳон яке аз соҳаҳои сердаромад  аст. Шароити гуногуни табиӣ, иқлими хоси кишвари мо низ имкон медиҳад, ки соҳаи туризмро инкишоф  дода, дар ғанӣ гардондани  буҷети давлат саҳм гузорем. Айни замон барои рушди соҳаи мазкур дар мамлакат чӣ тадбирҳо рӯи кор омаданд?
- Воқеан ҳам имрӯз туризм яке аз соҳаҳои сердаромад аст. Дар ташаккули Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кори иловагӣ нақши арзанда мебозад. Инчунин ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, кишоварзӣ, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад.
Тоҷикистон, ки дорои мероси ғании таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиист, барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар имконияти воқеӣ дорад. Омилҳои зикршударо ба инобат гирифта Ҳукумати ҷумҳурӣ сайёҳиро самти афзали рушди иқтисоди миллӣ  эълон намуд. Вобаста ба рушди ҳамаҷонибаи он имрӯз дар кишвар Консепсияи миллии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2009-2019, Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014 ва нақша - чорабиниҳои ҷаласаи XII  Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ амалӣ шуда истодаанд.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси табиӣ, таърихӣ,  фарҳангии кишвар ва дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи мутахассисони соҳа, сайёҳии кӯҳнавардӣ, кӯҳию варзишӣ ва экологӣ,  таърихию фарҳангӣ ва этнографӣ, табобатӣ ва санаторию курортӣ, қаиқронӣ дар дарёҳои кӯҳӣ (рафтинг), шикор, лижатозии кӯҳиро дар кишвар ба роҳ мондааст. Алҳол гурӯҳи кории кумита дар қаламрави кишвар самтҳои афзалиятноки рушди соҳаро таҳия  намуда, баҳри ба талаботи муосир мутобиқ намудани 4 мавзеи сайёҳӣ талош мекунад.
Гузашта аз ин, бо мақсади инкишофи туризми дохилӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси таърихию фарҳангӣ, табиати нотакрор, обҳои шифобахш, маданият, урфу одатҳои миллии мардум ва муаррифии ҳарчи бештари он дар дохил ва хориҷи кишвар кумита нақша – чорабиниҳои махсус таҳия намуда, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 17-умин солгарди Ваҳдати миллӣ озмунҳои ҷумҳуриявии “Мақолаи беҳтарин”,  “Барномаи беҳтарини телевизионӣ ва радиоӣ” дар мавзӯи “Тоҷикистон - кишвари туризм”-ро байни журналистон, омӯзгорону донишҷӯён, рӯзноманигорони шабакаҳои телевизионӣ ва радио эълон доштааст.
Бори нахуст харитаи туристии Тоҷикистон бо фарогирии 76 иншооти дорои аҳамияти соҳавӣ, диски туристӣ ва маҷмааи муҷтамеи тамошобоби кишвар дар шакли руқъаҳо таҳия гардида, бо забонҳои русию англисӣ аз чоп баромад. Маводи мазкур ройгон байни дӯстдорони саёҳат ва намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷ паҳн карда мешаванд.
- Ҳамкориҳои байналмилалии ҷум-ҳурӣ дар соҳаи туризм сол то сол густариш меёбанд.  Солҳои охир баҳри таҳкими муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои хориҷӣ заминаҳои нави меъёрию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуданд…
- Бале. Танҳо дар солҳои 2010-2014 шаш созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм бо Покистон, Қазоқистон, Украина, Афғонистон, Туркманистон ва Лаҳистон ба имзо расиданд.  Дар ин ҷараён Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Қатар, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Созмони гардишгарӣ, саноати дастӣ ва мероси фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон  оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм ба тасвиб расиданд.  Дар маҷмӯъ теъдоди созишномаҳо ва меморандумҳои ҳамдигарфаҳмӣ дар соҳаи туризм  17 ададро ташкил медиҳанд. Айни замон 15 - тои онҳо амал менамоянд.  5 лоиҳаи созишнома аз ҷониби  Чехия, Русия, Чин, Тайланд, Баҳрайн дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. 
Дар ин давра ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм” се маротиба тағйиру иловаи ба фаъолияти соҳа созгор  ворид шуд.
Барои ҷалби мунтазами гурӯҳҳои сайёҳони нав ба кишвар муаррифии захираҳои фаровони мавзеъҳои сайёҳии ҷумҳурӣ дар бозори ҷаҳонии гардишгарӣ аҳамияти калон дорад.  Дар доираи ин тадбир аз соли 2008 инҷониб намояндагони соҳаи туризм бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва шарикони байналмилалӣ дар намоишгоҳҳои калонтарини байналмилалӣ, ки дар шаҳрҳои Берлин (Олмон), Токио (Ҷопон) ва Лондон (Британияи Кабир) баргузор мегарданд, иштирок намуда, оид ба имкониятҳои ҷаҳонгардии ҷумҳурӣ дар бозорҳои байналмилалӣ ба дӯстдорони сайру саёҳат маводи тарғиботию иттилоотӣ пешниҳод  менамоянд. Аз ҷумла, дар Намоишгоҳи байналмилалии «ITB Берлин – 2014», ки моҳи марти соли равон дар Муҷтамеи намоишгоҳи «Messe Berlin»-и пойтахти Ҷумҳурии Федеролии Олмон - шаҳри Берлин ҷараён дошт, гӯшаи миллии тарғиботии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  масъулони кумита ва роҳбарону коршиносони 12 ширкати туристӣ аз манотиқи гуногуни мамлакат – Бадахшону Хатлон, Суғду Зарафшон муаррифӣ намуданд ва гӯша аз ҷониби коршиносони масоили туризми ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифт. Боздиди бевоситаи Дабири кулли Созмони ҷаҳонии туристии СММ  Толиб  Рифоӣ аз гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони меҳру самимият, садоқати беандоза нисбати миллати тоҷик ва боварии амиқ ба рушди соҳаи туризм дар кишварамон арзёбӣ мешавад.
- Барои бартараф намудани монеаҳои сунъии маъмурӣ, талаботи беасоси молиявӣ ва дигар омилҳо, ки садди роҳи ҷалби сайёҳон ба кишвар мегарданд, чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
- Кумита дар ҳамдастӣ бо Ҳукумати кишвар ва вазорату идораҳои дахлдор тавонист дар ин давра як қатор мушкилоти соҳаро ҳал  намояд. Чунончи, ҳаҷми пардохти сайругашт дар Боғи миллӣ барои як нафар дар як шабонарӯз аз 100 сомонӣ ба 10 сомонӣ коҳиш ёфта, нархи раводиди туристӣ арзон шуд. Дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор «Дар бораи пардохтҳои ҳатмии истифодаи табиат» аз эътибор соқит гардид. Ҳамчунин шумораи мамлакатҳое, ки барои гирифтани раводиди содакардашуда дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе  имтиёз доранд, аз 68  ба 80 афзуд.
Дар баробари ин, аз моҳи апрели соли 2009 инҷониб субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ ҳуқуқ пайдо намуданд, ки минбаъд ба намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷа ва консулгариҳо дар манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ мактуб - даъватномаи бевосита фиристанд, ки он асос барои додани раводиди туристӣ ба шаҳрванди хориҷӣ маҳсуб меёбад.  Феълан шаҳвандони хориҷие, ки раводиди туристиро дастрас намуданд, давоми 30 рӯз аз сабти ҳатмӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ (хадамоти  шиносномавию бақайдгирӣ) озоданд. Тадбири мазкур туристони хориҷиро дар баробари интизории навбатгоҳҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии мақомоти корҳои дохилӣ, ҳамчунин аз пардохти иловагии маблағ барои бақайдгирӣ озод намуд. Муҳим он аст, ки акнун туристони хориҷӣ ҳангоми будубош дар қаламрави Тоҷикистон худро осуда ва беташвиш эҳсос хоҳанд кард.
Маблағи хироҷ барои раводидҳои мухталиф, аз он ҷумла ҷаҳонгардӣ то 150 доллари амрикоиро ташкил медод ва ин ҳолат дар баробари дигар омилҳо ба тасмими туристон ҷиҳати сафар ба Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузошт. Бо қабули қарори мазкур ва супурдани боҷи ягонаи туристӣ дар ҳаҷми 25 доллари амрикоӣ дар тамоми намояндагиҳои дипломатии дохил ва хориҷи кишвар, ба сӯи сода кардани мушкили сайёҳон боз як қадам  гузошта шуд. Ин тадбир ҳароина, ба рақобатпазирии бозори туристии кишвар таъсири мусбат мерасонад.
- Тоҷикистон, тавре Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид кард, дорои захираҳои фаровони рушди сайёҳӣ бошад ҳам, рӯйрост бояд бигӯем, ки саҳми соҳа дар буҷети давлатӣ ночиз аст. Мо аз имконоти мавҷуда хеле кам истифода мебарем. Тоҷикистон натанҳо ба Швейтсарияю Италия, Мисру Туркия, Амрикою Фаронса, балки аз нигоҳи судгирӣ аз сайёҳӣ ҳатто ба Қирғизистону Ӯзбекистон баробар нест. Чаро? Чӣ садди роҳ аст?
- Қабл аз ҳама инфрасохтори пурқуввати посухгӯи талаботи сайёҳи муосир мавҷуд нест. Яъне дар мавзеъҳои зебои Тоҷикистон, ки аз Швейтсария камӣ надоранд (балки волотаранд), роҳ, ошхона, фароғатхона, нақлиёти хуб ва дигар иншооти хизматрасон, хатсайрҳои  шавқовару суфта надорем.
Тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа, таъсиси хатсайрҳои нави ҳавопаймоӣ, таблиғи захираҳои туристии кишвар низ аз мушкилотеанд, ки садди роҳи рушди туризм дар кишвар мешаванд ва кумита ҳамчун масъули соҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори давлатӣ ва ширкатҳои марбут пайваста ҷиҳати муваффақ шудан дар самти рушди соҳаи туризм ва рафъи ин мушкилот кӯшиш мекунад. Бо мақсади ба роҳ мондани механизмҳои муосири омори ҷаҳонгардӣ ва муайян намудани шумораи аниқи мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, ки дар макотиби олии кишвар омода мегарданд, дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз 14 март то 26 апрели соли ҷорӣ дар тамоми муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси кишвар вохӯрӣ ва семинару омӯзишҳо доир гаштанд ва дониши андӯхтаи ҷавонон санҷида  шуд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маҳорату малакаи корӣ ва таъмини кормандон бо донишҳои замонавӣ кумита бо шарикони рушд баҳри такмили ихтисоси онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар пайваста талош намуда, ҷиҳати даъвати мутахассисони сатҳи байналмилалӣ (коршиносон) ба кишвар чораҷӯӣ намуда истодааст.
Ҳадаф аз рушди туризм дар Тоҷикистон ташкили саноати сайёҳии фоидаовар ва рақобатпазире мебошад, ки ба талаботи замонавии хизматрасониҳои туристӣ, таъминоти даромади маблағҳои иловагӣ ба буҷети давлатӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ дар соҳаҳои иқтисодии ба туризм марбут ҷавобгӯ бошад. Рӯнамоии санъати меҳмоннавозӣ, дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудани Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ, ягона бо мероси ғании  фарҳангию таърихӣ ва тараққиёфта аҳамияти муҳим дорад. Ва барои расидан ба ҳадафи ниҳоӣ бояд дар вуҷуди мардум масъулияти баланди шаҳрвандӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, маҳорати олии хизматрасониро ташаккул ва такомул бидиҳем. Бовар дорам, ки бо анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботӣ марҳила ба марҳила мушкилиҳо ҳал мешаванд ва Тоҷикистон дар арсаи туризми байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро пайдо мекунад.

Мусоҳиб Шаҳнози ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2014    №: 90    Мутолиа карданд: 8129
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед